Теҳрон бахше аз дороиҳои Занҷониро дар Тоҷикистон пайдо кард

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкТеҳрон
Теҳрон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони комитети таҳқиқи парвандаи сарватманди эронӣ, ки дар амалиёти ғайриқонунӣ бо тиҷорати нафт ва фасод муттаҳам мешавад, иддао доранд, ки бархе аз дороиҳои вай дар Тоҷикистон маҳфузанд, мақомоти тоҷик ин иддаоро радд мекунанд.

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Бархе аз дороиҳои Бобак Занҷонӣ, ки дар фасод муттаҳам мешавад, дар Тоҷикистон ошкор шудаанд, хабар медиҳад IRNA бо истинод ба намояндаи Кумитаи вижаи таҳқиқи парвандаи миллиардери эронӣ.

Таҳқиқи ғайрирасмии ин комитет, зикр мешавад, мушшхас кардааст, ки дар қаламрави Тоҷикистон бархе аз дороиҳои ин тоҷир вуҷуд доранд.

"Афроде, ки ғайрирасмӣ парвандаи Занҷониро таҳқиқ кардаанд, баъд аз сафар ба Тоҷикистон огаҳ шудаанд, ки дар ин кишвар бархе аз сармоягузориҳои вай вуҷуд доранд ва ба додгоҳ далоилу аснодеро ироа карданд", — иқтибос овардааст хабаргузорӣ аз суханони Ҳусейн Деҳдаштӣ, намояндаи Кумитаи таҳқиқи парвандаи Занҷонӣ. 

Ба гуфтаи вай, феълан Кумита талош дорад, ки сареан ба Эрон дороиҳои Занҷонӣ ва афроди марбут ба ӯро баргардонанд.

Деҳдаштӣ зикр кард, ки бештаре аз дороиҳои Занҷонӣ дар хориҷи кишвар қарор доранд ва то ҳол мушкили аслии бозгардонидани онҳо таҳримот алайҳи Эрон буданд.

Бонки миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ даст доштанашро дар қазияи Занҷонӣ рад мекунад

"Мо умедворем, ки моҳҳои наздик Эрон ва кишварҳои Ғарбӣ тавофуқномаи ниҳоӣ дар масъалаи ҳастаиро имзо мекунанд ва таҳримот алайҳи Эрон лағв мешаванд ва мо имкон хоҳем дошт, ки аз хориҷи кишвар куллияи дороиҳои Занҷониро баргардонем, ҳатто он идда аз дороиҳое, ки ба номи афроди дигар сабт шудаанд. Ҳамаи дороиҳоро ҳатто бо дарназардошти суд ва зарари он бармегардонем", — гуфт дар сӯҳбат бо хабаргузорӣ Деҳдаштӣ.

Ин дар ҳолест, ки мақомоти тоҷик то ҳол вуҷуди дороиҳои Занҷонӣ дар қаламрави кишварро радд мекунанд.

Дороиҳои Занҷонӣ, ки соли 2013 ба иттиҳоми аъмоли фасод боздошт шуда буд, ба иттилои манобеи мухталиф $13,8 миллиард арзёбӣ мешавад. То замони боздошти сарватманд тиҷорати вай 60 ширкат дар Эрон, Туркия, АМА, Малайзия ва ба эътиқоди мақомоти эронӣ, дар Тоҷикистонро фаро мегирифт. Ба навиштаи расонаҳои эронӣ, вай аз сӯйи мақомоти ЧИЭ дар авоили соли 2014 ба иттиҳоми дуздии маболиғи давлатӣ тавассути ташкили фурӯши нафт боздошт шудааст.

Лентаи хабарҳо
0