Ҳалокати сарҳадбон дар Ишкошим. Бо сабаби номаълум

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкСарбозони артиши Тоҷикистон аснои тамриноти таълимӣ
Сарбозони артиши Тоҷикистон аснои тамриноти таълимӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тайи як моҳи ахир панҷ сарбози неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо сабабҳои мухталиф ба ҳалокат расидаанд, иллати марги марзбони ҷавон бошад, ҳанӯз номаълум боқӣ мемонад.

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Дар ноҳияи Ишкошим Нуралӣ Ҳайдарови 20-сола, сарбози ҷавони қӯшунҳои сарҳадӣ бо сабаби номаълум ба ҳалокат расидааст, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Дар ҳоле ки масъулони қисми ҳарбии 2803-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон гуфтаанд, ки Нуралӣ Ҳайдаров дар об ғарқ шуда, ҷон додааст, вале наздиконаш мегӯянд, ки дар пешонаи ӯ пайи тирро дидаанд.

Волидайни сарбоз: писарамонро бо лату кӯб куштанд

Волидайни сарбоз мегӯянд,  ҷасади фарзанди худро баъд аз якуним соли хидматаш дар қисми марзбонии Тоҷикистон дар Ишкошим гирифтаанд ва ба қавли онҳо аз пешонааш тир хӯрда, қисме аз рӯяш низ сӯхта будааст.

Манбаъ ба нақл аз ҳукумати ноҳияи Шаҳритус менависад, ҳанӯз дар бораи марги Ҳайдаров санади расмӣ дарёфт накардаанд ва, аз ин рӯ, иллати фавти ӯ барояшон маълум нест.

"Ба мо гуфтанд, ки ташхиси ҷасадро дар вилояти Бадахшон анҷом додаанд ва нусхаи он ба мо нарасидааст. Аз ин рӯ, чизе гуфтан дар ин бора мушкил аст",- иброз доштааст раиси ноҳияи Шаҳритус Абдуалим Исмоилзода.

Ба гуфтаи Мирзоалӣ Ҳайдаров, падари сарбози фавтида, писараш баҳори соли гузашта ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шуда, чор рӯз пеш ҷасади беҷони ӯро як гурӯҳ аз низомиён ба хонаашон оварда супурдаанд.

"Онҳо ҳатто нагузоштанд, ки чеҳраи писарам ба мардум нишон дода шавад. Фақат гуфтанд, ки гӯё дар об ғарқ шуда, ҷон додааст. Агар дар об ғарқ мешуд, ҷасад варам мекард»,-илова кардааст ӯ.

Тайи як моҳи ахир панҷ сарбози неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо сабабҳои мухталиф ба ҳалокат расидаанд, иллати марги марзбони ҷавон бошад, ҳанӯз номаълум боқӣ мемонад. Бар асоси даъвои наздиконашон ҳар кадоме аз онҳо дар пайи латту кӯб фавтида ё худкушӣ кардаанд.

Лентаи хабарҳо
0