Хатмкардаи гимназияи “Ҳотам ва ПВ” ба кор дар Google пазируфта шуд

© Sputnik / Амир ИсаевСаҳифаи Google
Саҳифаи Google - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Меҳрубон Тӯраев, шогирди гимназия-интернати Тоҷикистону Русия “Ҳотам ва ПВ”, барои кор дар ширкати Google - бузургтарин торнамои ҷустуҷӯии Интернет пазируфта шудааст.

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Ширкати Google — яке аз бузургтарин торнамоҳои ҷустуҷӯӣ дар интернет шогирди гимназия-интернети Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва ПВ" Меҳрубон Тӯраевро барои кор даъват кардааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Google Translate бо забони тоҷикӣ ҳам тарҷума мекунад

Абдуфаттоҳ Ҳотамов, раҳбари ин муассиса, ки фаъолияташ сирф ба таълими илмҳои дақиқ ва технологияҳои муосир ихтисос ёфтааст, рӯзи 3-юми август гуфтааст, Меҳрубон Тӯраев, ки ҳамакнун ба унвони донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои бонуфузи кишвари Ҷопон қабул ва ҳам даъвати кор дар ширкати Google-ро пазируфтааст. Ба гуфтаи Ҳотамов, Меҳрубон тасмим дорад, шурӯъ аз моҳи сентябр корро дар ин ширкат оғоз кунад.

Меҳрубон Тӯраев, шогирди гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва ПВ", ду соли пеш дар олимпиада аз фанни информатика дар Қазоқистон барандаи медали нуқра, соли 2014 барандаи медали тилло ва имсол ҳам дар ин озмун миёни намояндаи 84 кишвар сазовори ҷои сеюм ва барандаи медали биринҷӣ шуд. Меҳрубон Тӯраев дар бахши барномасозӣ соҳиби ин ҳама ҷоизаҳо шудааст.

Ин барои аввалин бор нест, ки шогирдони гимназия-интернат "Ҳотам-ПВ" барои кор дар ин гуна ширкатҳо даъватномаи кор мегиранд. Ду соли пеш ҳам Афзали Беҳрӯз — яке аз дигар шогирдони ин гимназия барои кор дар ширкати Яндекс даъват шуд, ки ҳоло онҷо фаъолият дорад.

Лентаи хабарҳо
0