ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Раҳима Шалоэр, ҳунарманди маъруфи тоҷик, ки ду моҳ қабл ба ҷурми гирифтану барнагардондани $35 ҳазори як сокини Душанбе равонаи зиндон шуда буд, 31 июл бо қарори додгоҳи Фирдавсӣ аз идомаи давраи ҷазо озод шудаст, менависад "Радиои Озодӣ".
Дар баробари Шалоэр ду ҳамроҳаш — Акбар Шарифов ва Шаҳноза Ҳусейнова низ озод шудаанд.
Абдулбузург Асозода, вакили мудофеи Шалоэр, якуми август ба Озодӣ гуфтааст, раҳоии нафари таҳти ҳимояти ӯ ва ҳамроҳонаш баъд аз пардохти ин миқдор пул имконпазир шудааст.
"Наздикони Раҳима Шалоэр маблағи қарздории ӯро пурра пардохт карданд ва бо назардошти ин, додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ мурофиа баргузор намуда, ӯро озод кард" — афзудааст вакили мудофеъ.
Раҳима Шалоэр бар асоси шикояти Ойиша Абдуллоева, як сокини шаҳри Душанбе ба додгоҳ кашида шуд. Абдуллоева иддао кард, ки хонум Шалоэр аз ӯ 35 ҳазор доллар пулашро гирифта, аммо барнагардондааст.
Моҳи майи соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ Шалоэрро бо иттиҳоми қаллобӣ ба 8 соли зиндон маҳкум намуд ва тибқи қонуни авф ду соли онро ихтисор ва 6 соли зиндонро нисбат ба вай таъин кард. Раҳима Шалоэр ҳамроҳи ду нафари дигар — Акбар Шарифов ва Шаҳноза Ҳусейнова бо моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ (қаллобӣ) айбдор дониста шуданд. Шарикони Шалоэр — Акбар Шарифов ва Шаҳноза Ҳусейнова 10-солӣ равонаи зиндон шуданд.
Он вақт наздикони Раҳима Шалоэр аз ҳукми Додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ норозигӣ карда, онро нисбат ба ӯ "говсуд" ҳисобида буданд. Онҳо баъдан аз болои ин ҳукм ба Додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурданд. Аммо додгоҳи пойтахт низ аризаи кассатсионии Раҳима Шалоэрро дар мавриди ҳукми додгоҳи Фирдавсӣ бетағйир гузошт.
Раҳима Шалоэр овозхони маъруф ва артисти халқии Тоҷикистон аз солҳои 70-ум то солҳои 90-уми қарни гузашта овозхони маъруфи гурӯҳи эстрадии "Гулшан"-и назди Кумитаи радио ва телевизони Тоҷикистон буд.