Ҳукми Раҳима Шалоэр бе тағйир боқӣ монд

© SputnikСуди шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Суди шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳима Шалоэр дар қаллобӣ муттаҳам мешавад. Парвандаи вай тибқи моддаи 247, қисми 4 баррасӣ шудааст.

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Душанбе ҳукми Раҳима Шалоэр, овозхони маъруфи Тоҷикистонро бетағйир гузошт, навиштааст хабаргузории "Озодагон".

Қуфли дари боздоштгоҳ дар маҳбас - Sputnik Тоҷикистон
Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон барои 6 сол равонаи зиндон шуд

Наздикони Шалоэр ба хабаргузорӣ иттилоъ доданд, ки Абдураҳим Бобохонзода, додраси додгоҳи шаҳри Душанбе зимни мурофиаи додгоҳӣ, 3 июн ҳукми додгоҳи ноҳияи Фирдавсиро бетағйр мондааст. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қаблан Раҳима Шалоэрро дар даст доштан дар қаллобӣ муҷрим шинохта, ӯро ба 6 соли зиндон маҳкум карда буд.

Ҳукми ин сароянда аз ҷониби додраси додгоҳи Фирдавсӣ бо дастрасии моддаи 247, қисми 4, банди "б"-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон содир шуд, аммо вакили мудофеи ӯ ба Суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсиёнӣ бурд.

Раҳима Шалоэр дар пайи шикояти як сокини шаҳри Душанбе, ки гӯиё овозхон аз ӯ тақрибан 17 ҳазор доллар гирифта, саривақт барнагардонидааст, ба маҳкама кашида шуд.

Шалоэр аз овозхонҳои маъруфи даҳаи 80-уми асри гузашта аст, ки бо сароидани сурудҳо эстрадӣ шуҳрат пайдо карда буд.

Лентаи хабарҳо
0