ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Комитети умури адён, танзими ҷашну маросим тасмим гирифтааст зимни эъзом ба сафари Ҳаҷҷ ба афроди болиғ ба 35 сола увлавият бидиҳад, навиштааст хабаргузории "Озодагон" бо истинод ба баёнияи ин Комитет.
Намояндаи Комитет зикр кард, ки чунин тасмим бар суди афроди солманд ба ин далел гирифта шудааст, ки онҳо ба далели навбати тӯлонӣ наметавонанд саҳмияи сафари Ҳаҷҷро ба даст оваранд.
"Комитети умури адён, танзими ҷашну маросим зимни таҳияи феҳрасти довталабони сафари Ҳаҷҷ тасмим гирифт, ки ба афроди болиғ бар 35 сола авлавият бидиҳад, то афроди солманд тавонанд ин маросими мазҳабии муқаддасро анҷом диҳанд", — омадааст дар баёния.
Ба гуфтаи намояндаҳои Комитет, дар соли ҷорӣ ба гунаи чанд соли ахир ба далели умури бозсозӣ дар маҷмаи муқаддас Арабистони Саъудӣ миқдори саҳмияҳои сафари Ҳаҷҷ барои кишварҳои мухталифро коҳиш додааст.
Ҳамасола ҳазорон атбоъи Тоҷикистон ин маросими муқаддаси мазҳабиро анҷом медиҳанд. Дар соли 2014 барои Тоҷикистон ҳудуди 6 ҳазор саҳмияи сафари Ҳаҷҷ ироъа шуда буд.