Додситони кулл: баъзе аз занҳои тоҷик дар ДИИШ то 5 шавҳар кардаанд

© SputnikЮсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, гуфт, бар асоси иттилое, ки дар даст доранд, баъзе аз занони тоҷик баъди пайвастан ба “Давлати исломӣ” мавриди суистифодаи ҷинсӣ қарор мегиранд.

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон гуфт, бархе аз занону духтарони тоҷик, ки ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" пайвастаанд, ҳадди ақал то панҷ бор шавҳар кардаанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Бинои Прокуратураи генералии ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Додситони кулл: “Метавонед ором бихобед”

Додситони кулл ин ҳарфҳоро 31 июл дар суҳбати рӯбарӯ бо хабарнигорон баён дошт.

Вай афзудааст, танҳо рӯзи гузашта (30 июл) бо ёрии мақомот як зани тоҷик аз Сурия оварда шудааст, ки баъди марги шавҳараш тақрибан тӯли як сол мавриди сӯистифодаи ҷинсӣ қарор гирифтааст.

"Дирӯз бо ӯ суҳбат доштам. Нақл кард, ки дар Сурия чӣ аҳвол доштанд", — гуфт досдитони кулл.

"Ин зан ҳамроҳи шавҳараш ба Сурия меравад. Ҳамагӣ дар як моҳ сад доллар ба онҳо медодаанд. Он духтар аз ҳудуди ҳавлӣ берун намебаромадааст. Ҳатто имконияти ягон касро дидан ва суҳбат карданро надоштааст. Гӯем, дар ҳабси хонагӣ будааст. Вақте шавҳараш дар ҷанг кушта мешавад, як сол дар Сурия истифода мекунанд. Ӯ баъд аз ин тамоми роҳҳоро истифода карда, бо ёрии мақомот аз марзи Туркия мегузарад ва сипас ба Ватан оварда шуд", — гуфтааст Юсуф Раҳмон.

ВКД: “ДИ” қасди анҷоми чанд амали террористӣ дар Тоҷикистонро дошт

Додситони кулли Тоҷикистон дар идома гуфт, харҷи сафари ҷангиёни пушаймоншудаи тоҷик аз Туркия то кишвар аз ҳисоби давлат пардохта мешавад.

Ҳарчанд масъулони додситонии кулл нагуфтанд, ки дар ҳоли ҳозир чӣ теъдод аз шаҳрвандони кишвар дар Сурия қарор доранд, вале таъкид карданд, ки аксари онҳо шиносоӣ шуда, ҳалокати беш аз 150 нафарашон тасдиқ гардидааст. Ҳафтаи гузашта Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон теъдоди умумии шаҳрвандони кишвар дар ҷангҳои Ироқу Сурияро 519 нафар гуфта буд.

Лентаи хабарҳо
0