Додситонии кулл: алайҳи Муҳиддин Кабирӣ парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст

© Sputnik / Амир ИсаевАбдураҳим Абдулҳасанов
Абдураҳим Абдулҳасанов - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаблан муъовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит ба хабарнигорон гуфта буд, ки шӯрои сиёсии ҳизб бар ин назар аст, ки бозгашти Муҳиддин Кабирӣ ба Тоҷикистон қобили қабул нест, зеро вазъият дар атрофи ҳизб ва раҳбари он чандон хушоям нест.

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Дар қиболи раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, изҳор дошт ба хабарнигорон раиси бахши назорати иҷрои қавонин дар ниҳодҳои амниятии Додситонии кулли кишвар Абдураҳим Абдулҳасанов.

Қаблан муъовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳаит ба хабарнигорон гуфта буд, ки бо дарназардошти вазъ дар атрофи ҳизб ва раҳбари он шӯрои сиёсии ҳизб бозгашти Муҳиддин Кабирӣ ба Тоҷикистонро қобили қабул намедонад, ҳарчанд вай аз моҳи март бад ин сӯ дар хориҷи кишвар қарор дорад.

"Вале таҳқиқи мавриди хусусисозии ғайриқонунии бинои сохтмонаш нотамои бемористон амрози сироятии Душанбе бо 500 кат ва қитъаи замини 10 гектараи он аз сӯйи Кабирӣ ҳамчунон идома дорад", — зикр кард вай.

Муҳиддин Кабирӣ дар интихоботи порлумонии 1 марти соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Ҳаит: Муҳиддин Кабирӣ ба ватан барнамегардад

Кабирӣ Тоҷикистон баъд аз анҷоми интихоботи порлумонӣ, баъ аз оне, ки ҳизби вай танҳо 1,6% раъйми мардумро ба даст оварда вориди порлумон нашуд, кишварро тарк кард.

Дар моҳҳои ахир даҳҳо нафар фаъолони ҳизб ва раҳбарони бахшҳои маҳаллӣ аз суфуфи ҲНИТ ихроҷ шуда изҳор доштанд, ки ин ҳизб ба субботи кишвар таҳдид мекунад.

Чанд тан аз аъзои ҳизб аз сӯйи ниҳодҳои интизомӣ ба иттиҳомоти мухталиф боздошт шуданд.

Лентаи хабарҳо
0