Дар Хоруғ эҳдоси театр бо 500 ҷойи нишаст шурӯъ шуд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ дар маросими оғози эҳдоси чанд таъсисот ширкат кард
Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ дар маросими оғози эҳдоси чанд таъсисот ширкат кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки сохтмони театр бо 500 ҷойи нишаст дар се сол анҷом шуда барои ифтитоҳи он намоишномаи хубе таҳия шавад.

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Имрӯз раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Хоруғ дар маросими оғози сохтмони театри вилоятӣ ширкат кард, менависад АМИТ Ховар.

Бинои ҷадиди театр, ки фармоишгараш мудирияти сохтмони таъсисоти ҳукуматии дафтари раёсати ҷумҳурӣ мебошад, дорои 500 ҷойи нишаст хоҳад буд.

Зимни ошноӣ бо тарҳи ин театр Раҳмон ба сохтмончиён дастур дод, ки эҳдоси он дар тӯли се сол анҷом дода шавад. Вай ҳамчунин дастур дод, ки зимни эҳдоси ин театр вижагиҳои Театри ҷумҳуриявии миллӣ ба инобат гирифта шаванд.

Дар маҳалли сохтмон баъд аз гузоштани санги нахустин ва ироъаи нома ба наслҳои оянда бо намояндагони бахши фарҳанг сӯҳбат карда ба онҳо дастур дод, ки аз ҳоло ба таҳияи намоишномаи хубе барои ифтитоҳи ин маркази фарҳангӣ омодагӣ бигиранд.

Лентаи хабарҳо
0