ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар масири Хуҷанд — Душанбе беш аз 370 ҳазор дона тухми мурғи истеҳсоли Қирғизистон, ки ғайри расмӣ вориди Тоҷикистон шуда буд, аз сӯи Хадамоти гумруки кишвар мусодира шудааст, бо такя ба хадамоти мазкур менависад АМИТ Ховар.
Дар пайи тафтиши нақлиёти таҳти идораи шаҳрвандон М. Раҳимов ва Валиҷони Тоҳирӣ ва нақлиёти дигар, ки таҳти идораи О. Ғафуров қарор дошт, кормандони хадамот аз бордони воситаҳои нақлиётӣ ба миқдори 371 ҳазору 520 дона тухми мурғи истеҳсоли Қазоқистон дарёфт гардидааст.
Моли мазкур ба шаҳрванд А. Холиқов, истиқоматкунандаи ноҳияи Б.Ғафуров тааллуқ дошта, арзиши умумии он беш аз 200 ҳазор сомонӣ баровард шудааст.
Ин шаҳрванд моли мазкурро аз Қирғизистон ба қаламрави гумрукии Тоҷикистон бо роҳҳои ғайри расмӣ ва бидуни назорати гумрукӣ ворид намудааст.
Феълан нисбат ба шаҳрванд А. Холиқов парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш дар ин самт идома дорад.