ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ваъда дод, ки бо ташкили гуруҳи корӣ дар мавриди зарари антенаҳои ширкатҳои мобилӣ, ки дар наздикии манзили зисти сокинон насб шудаанд, таҳқиқот анҷом медиҳад.
Сардори раёсати иттилоотонии Хадамоти алоқа Алибек Бекназаров зимни нишасти хабарии 30 июл дар Душанбе гуфт, дар ин гуруҳ хабарнигорон ва кормандони хадамот шомил хоҳанд буд.
"Дар мавриди зарари антенаҳои ширкатҳои мобилӣ, ки болои биноҳои баландошёна ё дар деҳот дохили манзилҳои зист насб шудаанд, бисёр менависанд. Вале ҳамин зарар дақиқ нашудааст. Моро айбдор мекунанд, ки барои насби антенаҳо Хадамот бе санҷиш иҷозат медиҳад. Ман аз шумо даъват мекунам, ки дар ҳайати як гуруҳ зарари ҳаминро таҳқиқ бикунем", — афзуд ҷаноби Бекназаров.
Тибқи иттилои Хадамоти алоқа, феълан дар Тоҷикистон ба ҳар 100 шаҳрванд 75 телефони мобилии фаъол рост меояд. Дар маҷмуъ, дар кишвар 6,5 миллион муштарии фаъол мавҷуд аст, ки аз хизматрасониҳои ширкатҳои мобилӣ истифода мебаранд.