ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. "Почтаи тоҷик" бо нимҷазираи Қрими Федератсияи Русия иртибот дорад, зимни нишасти хабарӣ 30 июл дар Душанбе гуфт муовини раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Татяна Холмуродова.
"Мо аз тариқи Русия ба Қрим иртибот дорем. Марҳамат, ҳар чӣ бошад, "Почтаи тоҷик" мерасонад", — афзуд хонум Холмуродова.
Вай гуфт, дар шаш моҳи имсол почта 866 кг муросилот доштааст, ки ин нишондод нисбати ҳамин давраи соли 2014 бештар аз 52 ҳазор кг зиёдтар мебошад.
"Аз ин ҳаҷм 85% муросилот бо Федератсияи Русия аст. Боқии 15 дарсад бо кишварҳои дигар", — илова кард муовини раиси Хадамоти алоқа.
Дар маҷмуъ, "Почтаи тоҷик" — ниҳоди зертобеи Хадамоти алоқа дар шаш моҳи имсол аз ҳисоби муросилот бештар аз 3 миллион сомонӣ даромад доштааст.