Баррасии парвандаи Савченко дар додгоҳи вилояти Ростов шурӯъ шуд

© Sputnik / Сергей Кузнецов / Гузариш ба медиабонкБаррасии даъвои адвокатҳои халабони украинӣ Надежда Савченко
Баррасии даъвои адвокатҳои халабони украинӣ Надежда Савченко - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Агар додгоҳ муҷрим будани Савченкоро дар қатли хабарнигорон Игор Корнелюк ва Антон Волошин тайид кунад, ба ӯ 25 соли зиндон таҳдид мекунад.

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Донетски вилояти Ростов ба баррасии яке аз парвандаҳои пурсарусадо — алайҳи шаҳрванди Украина Надежда Савченко, ки ба қатли ду хабарнигори Русия дар Донбасс муттаҳам мешавад, оғоз кард.

Порошенко ба Надежда Савченко унвони қаҳрамонӣ дод

Рӯзи панҷшанбе мурофиаи пешакии додгоҳӣ, ки тибқи қонун пушти дарҳои пӯшида бояд сурат бигирад, шурӯъ мешавад. Дар ҷараёни он наҳваи баргузории мурофиаҳои баъдӣ, ҷузъиёти парванда ва дигар паҳлуҳои он муҳокима мегардад.

Вакилони мудофеъи шаҳрванди Украина тасмим доранд аз ҳуқуқҳои гумонбар дар мурофиаи додгоҳӣ ҳимоя кунанд.

"Мо ду ҳафта боз Савченкоро надидаем — аз замоне ки ӯро аз боздоштгоҳи "Матросская тишина" ба дигар ҷо бурданд. Ҳоло интизори онем, ки ӯро бубинем ва аз вазъи саломатиаш бохабар шавем",- гуфт ба хабарнигорон яке аз вакилони дифоъи ӯ Николай Полозов.

Надежда Савченкоро моҳи июни соли гузашта бо иттиҳоми қатли ду рӯзноманигори Русия дар ҷангҳои шарқи Украина дастгир намуданд. Халабони украинӣ дар мушорикат дар қатли ду хабарнигори шабакаи телевизионии Русия, ки дар ҷараёни даргириҳо дар Донбасс кушта шуданд, муттаҳам мешавад ва аз тобистони соли гузашта дар боздоштгоҳи Русия ба сар мебарад.

Лентаи хабарҳо
0