ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Раиси ҷумҳури Украина ба халабон Надежда Савченко, ки дар боздоштгоҳи Русия қарор дорад, унвони Қаҳрамони Украинаро эъто кардааст, хабар медиҳад сойти раёсати ҷумҳурӣ.
Раиси ҷумҳури Украина изҳори умедворӣ кард, ки вай шароите хоҳад дошт, ки ба Савченко шахсан "Ситораи тиллоии Қаҳрамони Украинаро" тақдим кунад.
"Надежда рамзи шикастнопазирии рӯҳи украинӣ ва қаҳрамонии вай, рамзи чӣ гуна дӯст доштани ва ҳимояи Украина мебошад, вай рамзи пирӯзии мост", — гуфт Порошенко ва изофа кард, ки "мо ҳама кори заруриро барои озодии вай анҷом медиҳем".
Халабони украинӣ Надежда Савченко аз тобистони соли гузашта дар боздоштгоҳи Русия қарор дорад. Вай ба мушорикат дар қатли хабарнигорони Русия муттаҳам шудааст.