ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Аъзои Шӯрои Амнияти СММ дар мавриди тарҳи қатъномаи таъсиси додгоҳи байналмиллалии суқути ҳавопаймои Boeing раъйи мухталиф доданд.
Дар маҷмӯъ, 11 узви Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба ҷонибдорӣ аз ин тарҳ раъй доданд ва Чин, Венесуэла ва Ангола аз раъйдиҳӣ худдорӣ карданд. Русия ин тарҳи ин қатъномаро вето кард ва ба ин тартиб он мавриди иҷро қарор намегирад.
"Ветои имрӯза наметавонад барои хонаводаҳои кушташудагон инкори адолати додгоҳӣ бошад. Ва онҳое, ки ҳавопаймои ҳомили 298 мусофирро суқут карданд, наметавонанд бидуни ҷазо бимонанд", — изҳор дошт намояндаи доимии ИМА дар СММ Саманта Пауэр.
Вазири нақлиёти Малайзия Дато Тинг Лай изҳор дошт, ки натоиҷи раъйдиҳӣ наметавонад аз тасмими кишвараш барои муҷозоти муҷримин ва адолат барои кушташудагон монеъ шавад. "Малайзия имконоти дигари муҷозотро баррасӣ мекунад", — гуфт вай.
Намояндаи доимии Чин Лю Тсзеи гуфт, ки тарҳи қатънома барои таъсиси додгоҳи байналмиллалӣ барои ошкор кардани муҷримон мусоъидат намекунад. "Раъйдиҳӣ дар мавриди қатънома дар суфуфи аъзои ША ихтилофотеро ба дунбол хоҳад дошт. Ба ин далел Чин аз раъйдиҳӣ худдорӣ кард", — изҳор дошт вай.
Ба гуфтаи намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин "мавқеъи мо бо пуштибонии адами ҷазо ҳеҷ иртиботе надорад".
Русия тарҳи дигари қатънома бо фаъол сохтани нақши дабири кулли СММ ва мушорикати куллияи ҷонибҳо дар таҳқиқи ин ҳодисаро пешниҳод таҳия мекард.
Вай ҳамчунин изҳор дошт, ки дар мавриди ин ҳодиса чанд суолоте боқӣ мондаанд, ки посухи худро наёфтаанд, аз ҷумла суолот ба Киев аст, ки чаро ҳавопаймоҳои мулкӣ ба фазои манотиқе равон карда шудаанд, ки дар он ҷо амалиёти низомӣ "бо ширкати ҳавопаймоҳои низомӣ" идома доранд ва чаро Украина то ҳол сабти музокироти нозирони парвозҳои ҳавоии низомиро дар ихтиёри умум қарор надодаанд.
Чуркин изҳори умедворӣ кард, ки замони адолат ва муҷозоти "афроде, ки ин ҳавопайморо суқут карданд ва онҳое, ки ин ҳавопайморо ба маҳалли даргирии низомӣ эъзом карданд" хоҳад расид.