ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Раиси ҷумҳури ФР Владимир Путин дар сӯҳбат бо нахуствазири Голландия Марк Рютте зикр кард, ки дар мавриди суқути ҳавопаймои МН-17 дар фазои Украина масоили норӯшани зиёде боқӣ мондаанд, хабар медиҳад маркази матбуъотии Кремл.
Сӯҳбати телефонӣ ба ибтикори ҷониби голландӣ сурат гирифт.
"Масоили зиёде дар робита ба таҳқиқ боқӣ мондаанд — аз ҷумла ба далоили ҷамъоваришуда ва иҷоза надодани ширкати Русия дар анҷоми ин таҳқиқот", — омадааст дар хабар.
Шӯрои амнияти СММ рӯзи чаҳоршанбе ҷаласаеро барои таъсиси додгоҳи байналмиллалӣ дар робита ба суқути Boeingи Малайзия дар фазои Украина баргузор мекунад.
Раъйдиҳӣ барои тарҳи қатъномаи пешниҳодшудаи Малайзия тибқи интизорот соъати 15:00 (22:00 мск) баргузор мешавад. Вале намояндаи доимии Русия дар СММ Виталий Чуркин ҳанӯз рӯзи душанбе изҳор дошта буд, ки ин қатънома тасвиб нахоҳад шуд.
Ҳавопаймои мусофирбари Boeing-777-и ширкати ҳавоии Malaysia Airlines, ки аз Амстердам ба Куала-Лумпур бо хатсайри МН17 парвоз мекард, 17 июли соли гузашта дар фазои вилояти Донетск суқут кард. Киев дар суқути ин ҳавопаймо ҷудоихоҳонро муттаҳам кард, вале онҳо изҳор доштанд, ки аслиҳае, ки тавонад ҳавопайморо дар ин баландӣ бизанад, дар ихтиёр надоранд. Натиҷаи таҳқиқоти ниҳоии шӯрои амнияти Голландия дар бораи авомили суқути ин ҳавопаймо дар нимаи аввали моҳи октябри соли 2015 мунташир хоҳад шуд.