Қирғизистон ба осебдидагони селобҳо дар Тоҷикистон кӯмак мекунад

© Sputnik / Андрей Бабушкин / Гузариш ба медиабонкБишкек. Акс аз бойгонӣ
Бишкек. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар робита ба вазъи башардӯстонае, ки дар навоҳии аз офоти табиъйӣ осебдидаи Тоҷикистон сурат гирифтааст, ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифтааст ба кишвари ҳамсоя кӯмаки башардӯстона ироъа кунад.

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Дар ҳафтаи оянда кӯмаки башардӯстонаи Қирғизистон ба осебдидагони селобҳо дар Тоҷикистон хоҳад расид, менависад Sputnik Қирғизистон.

Ин тасмим дар ҷаласаи корӣ дар ҳузури муовини нахуствазири Қирғизистон Абдираҳмон Маматалиев бо раҳбарони вазоратхонаҳову ниҳодҳои давлатӣ гирифта шуд.

"Дар пайи офоти табиъйӣ дар Тоҷикистон ҳафт нафар кушта, 200 манзил, даҳҳо километр ҷоддаҳои мошингузар, таъсисоти соҳилмутсаҳкамкунӣ, пулҳо, хутути интиқоли нерӯи барқ ва дигар таъсисот тахриб шудаанд. Хисороти ворида ҳудуди 100 миллион доллар арзёбӣ мешавад", — иқтибос овардааст пойгоҳи хабарӣ аз суханони муовини нахуствазир.

Олмон ба осебдидагони Тоҷикистон 57 ҳазор евро ихтисос дод

Ба гуфтаи Маматалиев ҷониби Тоҷикистон ба маводди сӯхтии дизелӣ, семент, панҷараҳои оҳанӣ, лӯлаҳои оҳании мухталиф, маводди фулузотӣ, трансформаторҳо ва маводди бомфаршӣ ниёз дорад.

"Ба таври фаврӣ ва вобаста ба имконот бояд маводди зарурии дархостии ҳамсоягон ироъа шаванд. Ироъаи кӯмаки башардӯстона дар ҳафтаи оянда дар назар аст", — гуфт Маматалиев.

Вай ба масъулини ниҳодҳо дастур дод, ки дар тӯли се рӯз феҳрасти комили маводди ҳомили кӯмаки башардӯстонаро таҳия кунанд. Намояндагони комилҳуқуқи ҳукумати Қирғизистон дар вилоятҳо дар умури ироъаи кӯмак ба осебдидагон дар Тоҷикистон саҳми фаъол хоҳанд дошт.

Куллияи матолиби марбути Sputnik ба ин мавзӯъро дар ин ҷо бихонед>>

Лентаи хабарҳо
0