Зарфияти тавлидотии НБО «Себзор»-и Роштқалъа ба 60 МВт баробар аст

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон санги асосро дар бунёди НБО "Себзор" гузошт. 29 июли соли 2015, Роштқалъа, ВМКБ
Эмомалӣ Раҳмон санги асосро дар бунёди НБО Себзор гузошт. 29 июли соли 2015, Роштқалъа, ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сохтмони НБО “Себзор” дар дарёи Шоҳдара, дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 15 километрии шарқи шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст ва баъди эҳдоси он 60 нафар аз сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Нимаи дуюми рӯзи 29 июл сафари кории президенти Тоҷиткистон Эмомалӣ Раҳмон аз Бадахшон идома карда, ӯ аз ноҳияи Роштқалъа дидан кард, иттилоъ медиҳад торнамои раисҷумҳур.

Ба иттилоъи манбаъ, дар деҳаи Барҷангали ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ин водӣ оқои Раҳмон бо гузоштани санги асоси бунёди Неругоҳи барқӣ обии "Себзор" ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид.

Идомаи боздиди кории президенти ҶТ аз ВМКБ

"Сол то сол реҷаи маҳдудияти таъмини неруи барқ дар ҷумҳурӣ камтар мешавад. Ва ҷойи зикр аст, ки вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягона минтақаи калони ҷумҳурӣ аст, ки тамоми сол бо неруи барқ таъмин аст",- омадааст дар хабари сарчашма.

Тарҳи бунёди НБО "Себзор" бо зарфияти тавлидотии 10 МВт (Мегаватт) бо истеҳсоли солонаи нерӯи барқ дар ҳаҷми 60 миллион кВт дар «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои барқии хурд дар давраи солҳои 2009-2020» ба нақша гирифта шудааст.

"Барои бунёди ин неругоҳ беш аз 180 миллион сомонӣ равона мегардад".

Сохтмони НБО "Себзор" дар дарёи Шоҳдара, дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар 15 километрии шарқи шаҳри Хоруғ ба нақша гирифта шудааст ва баъди эҳдоси он 60 нафар аз сокинони маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.

Дар асоси пружаи он бунёди хатти баландшиддати интиқоли барқи 110 киловолт "Себзор — Хоруғ" бо дарозии тақрибан 18 километр дар назар дошта шудааст, ки ин минбаъд боиси баланд шудани эътимоднокӣ ва беҳтар шудани сифати барқ дар шабакаи марказӣ хоҳад гашт.

Дар ноҳияи Роштқалъа низ президент бо сокинону фаъолони ноҳия ва ҷавонон мулоқот намуд. Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ВМКБ то фардо идома хоҳад кард.

Матолиби бештарро аз сафари кории раисҷумҳур ба Бадахшон аз ин ҷо дарёфт карда метавонед>>

Лентаи хабарҳо
0