ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Шуғнон, ки дар пайи офатҳои табиии чанд рӯзи қабл зарар дидаанд, гуфтааст, ин ҳодисаи ногаҳонӣ аз лаҳзаи аввал зери назорати шахсии ӯ қарор дошт, менависад сомонаи президент.
Раисҷумҳур афзудааст, барои бунёди манзилҳои зист ба хонаводаҳои зиёндида аз мавзеи бехатари ноҳия 22 гектар замин ҷудо шуда, масолеҳи сохтмонӣ низ ба онҳо дастрас хоҳад гашт. Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар натиҷаи баланд шудани сатҳи оби дарёи Ғунд рӯзи 16 июл дар ҳудуди ноҳия офати табиӣ рӯй дод ва мувофиқи маълумоти ҷамъбастшуда манзили истиқоматии 84 оила, аз ҷумла 68 хона пурра хароб шуда, 16 хона қисман зарар дидааст.
Президент таъкид кардааст, тамоми саъю талоши худро ба он равона кардаанд, то масъалаи бо манзили зист таъмин намудани оилаҳои зарардида, барқарор кардани иншооти харобшудаи инфрасохторӣ ва роҳу хатҳои интиқоли барқро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин ҳаллу фасл намоянд.
"Мардуми шарифи ноҳияи Шуғнон бовар дошта бошанд, ки ҳукумати мамлакат онҳоро дар чунин ҳолати вазнин ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад ва тамоми чораҳоро меандешад, ки оқибатҳои офати рӯйдодаи табиӣ ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд", — гуфтааст раисҷумҳур.
Раисҷумҳури Тоҷикистон зимни як сафари корӣ тайи ду рӯз аст, ки дар вилояти Бадахшон қарор дорад. Вай қаблан аз навоҳии Ванҷу Дарвоз дидан карда буд. Офати табиӣ дар ин ду ноҳия низ харобии зиёд овардааст.