ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон мизони кашф ва мусодираи маводди мухаддир дар муқоъиса бо соле қабл 11,4% коҳиш ёфтааст ва тағйири вазъи мухаддаротӣ дар Афғонистон илали чунин омор шудааст, гуфт имрӯз ба хабарнигорон мудири ниҳоди зиддимухаддаротии кишвар Рустам Назарзода.
Маъмурони ниҳодҳои интизомӣ ва қудратии Тоҷикистон ба гуфтаи вай дар нимсолаи аввал аз муъомилот ҳудуди 3 тонна маводди мухаддир, аз ҷумла 363 кг ҳероинро мусодира кардаанд.
"Коҳиши забт умдатан ба ин далел сурат гирифтааст, ки гурӯҳҳои қочоқчиён маводди худро тавассути дигар кишварҳо мунтақил мекунанд, на тариқи "Масири шимолӣ" — аз Афғонистон тавассути кишварҳои ОМ ва сипас ба Русия", — зикр кард Назарзода.
Ҳамакнун ба гуфтаи вай мухаддироти тавлиди Афғонистон умдатан тавассути "Масири Шимоливу баҳри Сиёҳ — аз тариқи шимоли Эрон ва кишварҳои Қафқоз ба Аврупои Ҷанубу Шарқӣ ва ба Русия мунтақил мешаванд".
Ба гуфтаи мудири АНММ ба беҳбуди вазъи мухаддаротӣ дар Тоҷикистон ҳамчунин коҳиши масоҳати кишти афюн дар шимоли Афғонистон мунҷар шудааст: соли гузашта танҳо дар вилояти Бадахшони Афғонистон 1,4 ҳазор ҳектор мазореъи хашхош нобуд карда шуд.
"Ба ҷуз аз ин дар манотиқи ҳаммарзи Афғонистон бо Тоҷикистон миёни нерӯҳои давлатии Афғонистон ва гурӯҳҳои мухталифи ҷангҷӯён, ки баъзан миёни худ низ даргир мешаванд, ҷангҳои идома дорад. Ба ин тартиб қисман бархе аз масирҳои интиқоли мухаддирот аз даст дода шудаанд", — таъкид кард Назарзода.
Ба гуфтаи вай дар Тоҷикистон миқдори ҷароими марбут ба қочоқи маводди мухаддир низ 9,7% коҳиш ёфтаааст — дар соли ҷорӣ 567 чунин ҷурм ошкор шудааст: бештар аз ҳама дар Хатлон — 29,9%, шаҳри Душанбе — 28%, дар Суғд — 25,3%, дар НТМ — 9,1% ва дар ВМКБ — 7,5%.