ИФНММ панҷсолаи маҳви мухаддирот дар Афғонистонро пешниҳод мекунад

© Sputnik / Олег Золото / Гузариш ба медиабонкМухаддирот. Акс аз бойгонӣ
Мухаддирот. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷомеъаи ҷаҳонӣ бояд ба мушкили маҳви маркази тавлидоти мухаддирот дар Афғонистон таваҷҷӯҳ кунад, зеро дар сатҳи минтақавӣ ин мушкилро ҳалл кардан ғайримумкин аст, изҳор доранд коршиносон.

ДУШАНБЕ, 28 май — Sputnik. Идораи федероли назорат бар маводди мухаддири Русия барномаи панҷсолаи маҳви мухаддирот дар Афғонистонро пешниҳод мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.

Раҳбари ИФНММ Виктор Иванов хабар дод, ки ин санад дар ҷаласаи вижаи Анҷумани куллии СММ дар масоили ҷаҳонии мухаддирот, ки тирамоҳи соли 2016 баргузор мешавад, пешниҳод хоҳад шуд.

"Ба манзури ҳалли ин мушкили куҳан ва нанговар барои ҷомеъаи ҷаҳонӣ чунин ба назар мерасад, ки мавзӯъи мушкил мушшахас шуда, вазоиф муқаррар шавад ва барномаи панҷсолаи маҳви тавлидоти мухаддирот дар солҳои 2017-2021 дар ҷаласаи вижа таъйид шаванд. Бидуни чунин барнома вазъ ноилоҷ бадтар мешавад", — гуфт вай.

Афғонистон нобудсозии бозори нашъаро пешниҳод менамояд

Ба гуфтаи Иванов, бояд ниҳоди ҳамоҳангсози маҳви тавлидоти мухаддирот дар Афғонистон таъсис шуда ҳамзамон сандуқи вижае барои сармоягузории муқобала бо ин зуҳурот бунёд карда шавад.

"Ин пешниҳодот на танҳо дар барномаи аз сӯйи мо пешниҳодшудаи "Радуга-2", балки дар аҳдофи Афғонистон, ки аз сӯйи порлумони Иттиҳодияи Аврупо дар соли 2010 тасвиб шудааст, вуҷуд доранд", — изофа кард раҳбари ИФНММ.

Дар 14 соли ахир масоҳати мазореъи кишти хашхош дар Афғонистон тақрибан сӣ дарсад афзоиш ёфтаанд. Ба гуфтаи коршиносон, феълан афъюн дар масоҳати 224 ҳазор гектар дар Афғонистон кишт карда мешавад.

Дар Тоҷикистон муътақиданд, ки агар аз тавлидоти мухаддирот дар Афғонистон ҷилавгирӣ шавад, амният дар Осиёи Марказӣ беҳбуд меёбад. Вале ин мушкилро дар сатҳи минтақавӣ ҳалл кардан ғайримумкин аст, мушорикати куллияи кишварҳои ҷаҳон зарур дониста мешавад. Ба ин далел дар ҳамоиши Душанбе пешниҳод шуд, ки тавассути СПАД ба СММ муроҷиъа карда шавад, ки маҳви тавлидоти мухаддирот дар Афғонистон ҳадафи умдаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ дониста шавад.

Лентаи хабарҳо
0