ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Дар соли 2015 таваррум дар Тоҷикистон аз 7% бештар нахоҳад шуд, изҳор дошт вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода.
Ба гуфтаи вай дар нимсолаи аввали 2015 мизони таваррум дар Тоҷикистон 2,6% буд, ки яке аз нишондодҳои пасттарин дар миёни кишварҳои собиқ шӯравӣ аст ва то поёни соли ҷорӣ ин мизон на бештар аз 7% пешбинӣ мешавад.
"Созмонҳои байналмиллалӣ дар пешгӯиҳои худ сахт мулоҳизакоранд, онҳо рушди иқтисоди кишвари моро дар соли ҷорӣ на бештар аз 3% пешбинӣ кардаанд, аммо мо омори дигареро дар ихтиёр дорем ва пешбиниҳои мо ба воқеъият наздиктаранд. То авохири сол мо интизорем, ки рушди иқтисодӣ ба гунаи нимсолаи аввал 6,4% хоҳад шуд", — зикр кард вай.
Ба гуфтаи Ҳикматуллозода воқеъан уфти иқтисодӣ дар кишварҳои шарики тиҷоратии Тоҷикистон ба вазъи иқтисодии кишвари мо асароти номатлуб гузошт ва ба ин амр беқурбшавии сомонӣ дар қиболи доллар ва коҳиши зарфияти харидории мардум низ таъсир гузоштааст.
Вазир таъкид кард, ки хатари беқурбшавӣ дар авоили сол ба далели болоравиҳои қурби доллар вуҷуд дошт, аммо дар пайи танзими қурби доллар аз моҳи май мизони таваррум дар кишвар дар муқоъиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳудуди ду баробар пойинтар шуд.
Дар мавриди соли 2016 Ҳикматуллозода гуфт, ки мизони таваррум ва рушди иқтисодӣ низ дар сатҳи 7% пешбинӣ мешавад.
СБП, Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки авруосиёгии рушд мизони беш аз 10% таваррум дар Тоҷикистон дар соли ҷориро пешбинӣ кардаанд.
Созмонҳои байналмиллалӣ чунин ҷаҳишҳои қиммати масрафӣ дар кишварро бо коҳиши мизони интиқолоти пулӣ, зарфияти харидорӣ, кунд шудани фаъолиятҳои иқтисодӣ дар кишвар ва беқурбшавии сомонӣ марбут медонанд.