СБП таварруми дурақама дар Тоҷикистонро пешбинӣ мекунад

© Flickr \ Javier Ignacio Acuña DitzelБинои СБП дар Вашингтон.
Бинои СБП дар Вашингтон. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пажӯҳишгарони СБП пешбиниҳои худ дар мавриди равандҳои таваррум дар кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказиро ислоҳ кардаанд ва бар ин назаранд, ки дар соли ҷорӣ кишварҳои ин манотиқ ба коҳиш рӯбарӯ шуда ва дар соли оянда вазъ беҳбуд меёбад.

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Мизони таваррум дар Тоҷикистон дар соли 2015 на 7,5%, ки дар авоили сол ҳукумати кишвар интизорӣ дошт, балки 12,8% хоҳад шуд — пешбинӣ кардааст СБП дар гузориши ҷадиди "Дурнамои рушди иқтисоди минтақавӣ".

Раёсати кишварҳои Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Сандуқи Байналмиллалии Пул (СБП) дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар кишварҳои Осиёи Марказиро ташдид кард.

Тибқи интизориҳои СБП, дар соли ҷорӣ Тоҷикистон бо коҳиши чашмраси мизони тавлидоти нохолиси миллӣ то 3% мувоҷеҳ мешавад. Тибқи иттилоъи ин ниҳод, дар соли 2014 рушди тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон 6,7% буд.

Мизони таваррум дар кишвар барои бори нахуст дар чанд соли ахир дурақама мешавад — 12,8% ва ин бузургтарин рақам дар миёни кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ хоҳад буд.

БОР мегӯяд, таваррум дар ҶТ дар соли 2015 ба 10 дарсад баробар мешавад

Соли гузашта ба иттилоъи СБП мизони таваррум 6,1% буд, ҳарчанд тибқи омори расмии Тоҷикистон ин рақам муъодили 7,4% шуда буд.
Ҳамзамон тибқи пешбинии ин сандуқ дар соли 2016 мизони таваррум дар Тоҷикистон то 6,3% коҳиш ёфта мизони тавлидоти нохолиси миллӣ то 4,1% афзоиш меёбад.

Далоили чунин вазъ дар гузориши СБП ба коҳиши содирот ва мизони интиқолоти пулӣ, ҳамчунин ба коҳиши қруби рубл, ки ба асъори кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ таъсир гузоштааст, марбут дониста мешавад. Туркманистон ва Озарбойҷон дар авоили соли 2015 ба бознигарии қурби арзи худ водор шуда буданд.

Истгоҳи роҳи оҳан - Sputnik Тоҷикистон
Умаров: бӯҳрони иқтисодии Русия ба Тоҷикистон таъсири мустақим дорад

"Араманистон, Гурҷистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба манзури ҳифзи захойири байналмиллалии худ ва арзиши интиқолҳои пулӣ ба арзи миллӣ иҷоза доданд, ки қурби пули миллии худ дар қиболи доллари ИМА пойин биравад", — зикр мекунад СБП.

Ба ҷуз аз Тоҷикистон мизони таваррум дар соли ҷорӣ дар Қирғизистон низ дурақама мешавад — 10,7% ва дар соли 2016 ин рақам то 8,6% коҳиш меёбад. Тавлидоти нохолиси миллӣ дар Қирғизистон дар соли ҷорӣ 1,7% хоҳад шуд.

Мизони таваррум камтар аз ҳама дар соли ҷорӣ дар Гурҷистон мешавад —3% ва дар соли 2016 то 5% афзоиш меёбад.

Ҳамсояҳои наздиктарини Тоҷикистон — Ӯзбекистон ва Туркманистонро низ дар соли ҷорӣ коҳиши мизони тавлидоти нохолиси миллӣ то 6,2% ва 9% ва афзоиши таваррум мутаносибан то 9,5% ва 7,7% интизор аст.

Лентаи хабарҳо
0