“Барқи Тоҷик” қарзи осебдидаҳоро мебахшад

© Sputnik / Амир ИсаевБинои ширкати холдингии "Барқи тоҷик"
Бинои ширкати холдингии Барқи тоҷик - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҷамшед Бобозода, муовини ширкати холдингии “Барқи тоҷик” гуфтааст, манзилҳое, ки аз офати табиии охир дар манотиқи кишвар хисорот дидаанд, қарзи барқашон бахшида мешавад.

ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Ширкати "Барқи тоҷик" қарзи хонаводаҳоеро, ки аз офатҳои охир дар кишвар зарар дидаанд, мебахшад, навиштааст АМИТ Ховар.

“Барқи тоҷик”: истеҳсол ва фурӯши барқ афзудааст

Ҷамшед Бобозода, муовини аввали раиси "Барқи тоҷик" зарари обхезиҳои охирро ба деҳаҳои ВМКБ, ноҳияи Рашт ва дигар ноҳияҳои вилояти Суғд фоҷиаи гарон номидааст.

"Нисбат ба ду деҳае, ки дар ноҳияи Рашт зери об монданду мо аз ин ҷо он масолеҳу таҷҳизоти лозимиро равон кардем, дар шабонарӯзи якум мо 40%-и аҳолиро бо барқ таъмин кардем ва дар рӯзи дуюм қариб 96%-и аҳолиро бо барқ  таъмин кардем", — гуфтааст ҷаноби Бобозода.

Вай афзудааст, дар заминҳое, ки дар ноҳияи Рашт барои осебдидагони офати табиӣ ҷудо шудааст, ду трансформатор насб шуда, хати барқ кашида шудааст ва дар сурати тасдиқи нақшаи маҳал хатҳои барқии 04-ро ба аҳолии зарардида бурда мерасонанд.

"Он хонаҳое, ки зарар дидаанд, мумкин ки мо қарзҳои қаблиашонро мебахшем", —илова кардааст Ҷамшед Бобозода.

Масъулини ширкати "Барқи тоҷик" дар мавриди мушкилоти таъмини барқ ба осебдидагони вилояти Бадахшон гуфтанд, ки феълан якҷоя бо ширкати "Помир Энержӣ" барои бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ва таъмини дастрасии осебдидаҳо ба неруи барқ кор бурда истодаанд.

Лентаи хабарҳо
0