“Барқи тоҷик”: истеҳсол ва фурӯши барқ афзудааст

© Sputnik / Фируз УмарзодаМуовини раиси ширкати "Барқи тоҷик" Даврон Исҳоқӣ зимни нишасти хабарии 28 июли соли 2015
Муовини раиси ширкати Барқи тоҷик Даврон Исҳоқӣ зимни нишасти хабарии 28 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаш моҳи имсол Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши барқ бештар аз 18 миллион доллар даромад доштааст.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи имсол Тоҷикистон бештар аз 7 миллиарду 200 миллион киловатт/соат неруи барқ истеҳсол кардааст, бо такя ба "Барқи тоҷик" менависад АМИТ Ховар.

Қарзи Барқи тоҷик дар назди Сангтӯда-1 ба  $83 млн баробар шуд - Sputnik Тоҷикистон
Қарзи “Барқи тоҷик” аз НБО “Сангтӯда-1” боз 10% афзоиш ёфт

Даврон Исҳоқӣ, муовини раиси ширкати саҳҳомии холдингии кушодаи "Барқи тоҷик" зимни нишасти матбуотӣ рӯзи 28 июл гуфт, ин нишондод нисбат ба ин давраи соли гузашта бештар аз 400 млн. киловатт/соат неруи барқ зиёд аст.

Аз ин ҳисоб ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳҳои барқи обии ширкати "Барқи тоҷик" ба 7 млрд. 8 млн. кВт.соат, дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ба 199,1 млн. кВт.соат ва дар неругоҳҳои барқи обии хурд ба 3,7 млн. кВт.соат баробар шудааст.

Исҳоқӣ гуфтааст, барои таъмини саноату иқтисодиёт ва аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ дар моҳҳои январ-июни имсол "Барқи Тоҷик" дар ҳаҷми бештар аз 1 млрд. 300 млн. кВт.соат энергияи барқро ба маблағи 32,4 млн. доллари ИМА харидорӣ намудааст.

Ҳаҷми содироти барқ ба хориҷ нисбат ба 6 моҳи соли 2014 дар ҳаҷми 47,2 млн.кВт. соат афзоиш ёфта, дар маҷмӯъ ба 544,3 млн. кВт.соат расонида шудааст. Содироти барқ асосан ба Афғонистон дар ҳаҷми 504 млн. кВт.соат ба маблағи 18,6 млн. доллари ИМА амалӣ шудааст. Маблағи умумии фурӯши барқ ба хориҷ дар шаш моҳи имсол ба 18,7 млн. доллари ИМА расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 2,4 млн. доллари ИМА зиёд мебошад.

Лентаи хабарҳо
0