Тоҷикистон ба Қирғизистон як кВт нерӯи барқро 2,5 сентӣ мефурӯшад

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкХутути интиқоли нерӯи барқ. Акс аз бойгонӣ
Хутути интиқоли нерӯи барқ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистону Қирғизистон тӯли се моҳ дар бораи содироти нерӯи барқи тавлиди Тоҷикистон музокирот карданд. Дар авоили моҳи июл қарордоди ҷадиде имзо шуд, ки тибқи он ҷониби Қирғизистон барои ҳар як киловатт нерӯи барқ 2,5 сентӣ пардохт мекунад.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳар як киловатт-соъат нерӯи барқро бо қиммати 2.5 сентӣ содир мекунад, хабар дод Даврон Исҳоқӣ, муъовини раиси ширкати "Барқи тоҷик" дар нишасти матбуотии рӯзи сешанбе ва афзуд, ки ин тавофуқ дар пайи музокироти тӯлонӣ ҳосил шудааст.

Музокирот барои содироти нерӯи барқи Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳудуди се моҳ идома доштанд ва ҷониби Тоҷикистон пофишорӣ дошт, ки арзиши нерӯи барқ 3,5 сентӣ муқаррар шавад, вале ҷониби Қирғизистон мехост бо қиммати 2,5 сентӣ барои ҳар як кВт харидорӣ кунад. Ба гуфтаи Исҳоқӣ қарордоди ҷадид дар авоили моҳи июл имзо шудааст.

“Барқи тоҷик”: истеҳсол ва фурӯши барқ афзудааст

"Нерӯи барқро мо арзиши 2,5 сентӣ мефурӯшем", — зикр кард вай.

Ба гуфтаи вай феълан Қирғизистон дар як шабонарӯз то 1,5 миллион вВт-соат барқ дарёфт мекунад. Дар нимсолаи аввал ба ин кишвар 544 миллион кВт-соат нерӯи барқ ба маблағи $18,7 миллион содир шудааст.

Тоҷикистон дар фасли тобистон нерӯи барқи изофии худро ба кишварҳои ҳамсоя — Қирғизистон ва Афғонистон содир мекунад. Кишвари ахир аз авоили соли ҷорӣ 504 миллион кВт-соат нерӯи барқи Тоҷикистонро харидорӣ кардааст.

Лентаи хабарҳо
0