Ифшои ному насаби қурбониёни Ванҷ

© Предоставил Шох РахматшохҲаводиси табиӣ ва оқибатҳои он дар Ванҷ. Рустои Техарв, 18-июли соли 2015
Ҳаводиси табиӣ ва оқибатҳои он дар Ванҷ. Рустои Техарв, 18-июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин афрод ҳамагӣ сокинони ноҳияи Ванҷ буда, ҷасадҳои онҳо ёфт ва ба наздиконашон супурда шудааст.

ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Қурбониҳои офати табиӣ, ки шаби 20-ум дар ноҳияи Ванҷ кушта шуданд — Раҳмиддин Раҳмонов, Саидаҳрор Раҳмонов, Саломатшо Убайдов, Субҳӣ Худойбахшов ва ҳамсари ӯ — буда, ҷасадҳояшон ёфт ва ба наздиконашон супурда шудааст, менависад "Радиои Озодӣ".

Ин афрод ҳамагӣ сокинони ноҳияи Ванҷ будаанд. Дар пайи омадани сел шаби 20-ум ба 21 июл дар мавзеи байни деҳаҳои Бунай ва Рави ин ноҳия ин сокинон ҷон бохтанд.

Ин дар ҳолест, ки АМИТ Ховар бо такя ба қавли хабарнигоронаш дар минтақа аз марги шаш нафар дар ҷамоати деҳоти Ҷовидони ноҳияи Ванҷ бар асари фаромадани сел хабар медиҳад. Сел як мусофирбари тамғаи "Старекс"-ро бо худ бурдааст, ки чор мусофираш ҳалок шуда, боқимондаҳо ба сахтӣ аз он ҷо берун омадаанд, навиштааст "Ховар".

Нилуфар Асламшоева, мудири бахши иттилоот ва таҳлили дастгоҳи ҳукумати Бадахшон, 21 июл ба "Озодӣ" гуфтааст, ҳоло муовини нахуствазири Тоҷикистон — Азим Иброҳим ва раиси вилояти Бадахшон, Шодихони Ҷамшед ба ноҳияи Ванҷ рафтаанд. Ба қавли Асламшоева, дар ноҳияи Ванҷ инчунин, ду мошини борбар ва як экскваторро, ки аз Душанбе ба Хоруғ оварда мешуданд, сел бурда ва як ронанда низ ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои Ҳамдулло Шарифов, раҳбари дастгоҳи ҳукумати ноҳияи Ғарм, шаби гузашта сел дар рустои Бедаки ин ноҳия ҳудуди 70 манзилро вайрон карда, ҷони як сокини 28-соларо низ гирифтааст.

Аз рӯзи 16 июл боз сел дар ноҳияҳои вилояти Бадахшон даҳҳо манзили сокинон ва роҳу хатҳои интиқоли нерӯи барқро вайрона карда, танҳо хисороташ дар ҷамоати деҳоти Сӯчон ба беш аз се миллион доллар баробар будааст. Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, 20 июл дар сӯҳбаташ бо намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва корпусҳои дипломатӣ дар Душанбе хисороти сел ба иқтисоди кишварро бештар аз 50 миллион доллар дониста, барои рафъи оқибатҳои сел аз онҳо ёрӣ хостааст.

Лентаи хабарҳо
0