Хоҳиши раиси Палатаи савдо аз намояндагони Чин

© Официальный сайт ТПП РТ27 июли соли 2015 раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо намояндагони Чин во хурд
27 июли соли 2015 раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо намояндагони Чин во хурд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар як дидор бо намояндагони музофоти Шэнсии Чин аз эшон хостааст дар кишвар сармоягузорӣ кунанд.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Шариф Саид, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо ҳайати иқтисодии музофоти Шэнсии Чин во хурдааст, менависад сомонаи ин ниҳод.

Шариф Саид бо намояндаи дабири кулли Ҳукумати мардумии музофоти Шэнси Баочун Ху зарурати рушди иқтисод, тиҷорат ва сармоягузории равобити Тоҷикистону Чин, дурнамои ҳамкории бонкию молиявӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузориро баррасӣ кардааст.

Раиси палати савдо афзудааст, густариши равобити тиҷоратӣ, аз ҷумла рушди  соҳибкории хурду миёнаи Тоҷикистону Чин сохтори тиҷоратиро такмил  бахшида, барои расидан ба аҳдофи кишварҳо, яъне ба 3 миллиард доллар  расонидани муомилоти тиҷорати хориҷӣ мусоидат мекунад.

Шариф Саид аз аҳли тиҷорати музофоти Шэнсӣ даъват кардааст, ки лоиҳаҳои рушди сохтмон бо истифода аз фанновариҳои муосири Чин ва  бунёди  корхонаҳои муштаракро фаъолона  сармоягузорӣ намоянд.

Лентаи хабарҳо
0