Шарофзода: аз нестшавии забонҳои бадахшию яғнобӣ ҷилавгирӣ мекунем

© Sputnik / Амир ИсаевГавҳар Шарофзода. Акс аз бойгонӣ
Гавҳар Шарофзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳот зимни нишасти хабарӣ гуфтааст, забонҳои бадахшиву яғнобӣ дар ҳоли нест қарор доранд ва ниҳоди зери раҳбарии вай иқдомотеро роҳандозӣ хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, барои наҷоти забонҳои помирию яғнобӣ аз нестшавӣ дар назди Кумита курсҳои омӯзишии ин забонҳоро таъсис медиҳанд, навиштааст хабаргузории "Озодагон".

Логотип на одежде магазина iamdifferent - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи забон: мағозаи “I am different” ислоҳи ном кунад

"Ҳатто барои ҳифзи забонҳое, ки ба нестшавӣ рӯбарӯ шудаанд, Кумита як санади меъёрӣ ҳуқуқиро таҳия кардааст. Дар назар аст, ки дар назди Кумита барои хоҳишмандон ва хориҷиён курсҳои 1 моҳа, 2 моҳа ва семоҳаю шашмоҳаи омӯзиши забонҳои бадахшию яғнобӣ ташкил шавад. Феълан якҷоя бо Академияи улум дар ин мавзӯъ кор карда истодаем", — иброз дошт Шарофзода.

Раиси Кумитаи забон дар мавриди баҳс барои "сихкабоби хуҷандӣ" афзуд, ки иддаояшон барои тағйири чунин ному овезаҳо дар Душанбе ба маҳал ҳеч рабт надорад.

"Ман аз фикрам даст намекашам. Ин ҷо мақсад маҳал набуд. Мақсад ин ҷо риоя накардани меъёрҳои забон ва қоидаҳои имло буд", — илова кардааст раиси кумита.

Шарофзода афзуд, ки навиштаҷоте монанди "сихкабоби хуҷандӣ" бренд шуда наметавонад.

"Мо ба мақомот ҳам муроҷиат кардему ҷавоб гирифтем, ки ягон ғизои миллӣ ягон вақт "бренд" шуда наметавонад", — афзудааст Шарофзода.

Дар мавриди иваз намудани номи "милитсия" ба "политсия", ки дуюмаш ҳам тоҷикӣ нест, раиси Кумитаи забон илова намуд, ки феълан ба омӯзиши ин масъала гуруҳи кории махсус машғул аст.

Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон дар доираи ислоҳоти соҳаи мақомоти умури дохилӣ дар назар аст, ки милитсия ба политсия иваз карда шавад

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, барои иваз намудани милитсия ба политсия 38 миллиону 454 ҳазор сомонӣ зарур аст.

Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт, ки барои тағйир додани номи милитсия ба политсия иваз намудани мӯҳр, навиштаҷоти биноҳо, воситаҳои нақлиёти хизматӣ ва сару либоси кормандон зарур аст.

"Аз ҷумла барои иваз намудани мӯҳр — 153 ҳазор сомонӣ, навиштаҷот дар даромадгоҳи биноҳо — зиёда аз 74 ҳазор сомонӣ, дар воситаҳои нақлиёти хизматӣ беш аз 37 млн 720 ҳазор сомонӣ сарф мегардад", — гуфта буд Раҳимзода.

Лентаи хабарҳо
0