https://sputnik.tj/20150728/1016170181.html
Масъулон намедонанд, ки кормандон чӣ гуна мошинҳои гаронбаҳо мегиранд
Масъулон намедонанд, ки кормандон чӣ гуна мошинҳои гаронбаҳо мегиранд
Sputnik Тоҷикистон
Муовини сарвари Агентии назорати молӣ ва мубориза бо фасод ҳадс зад, ки мошинҳои гаронбаҳое, ки кормандонашон доранд, аз сӯйи пайвандон ва дӯстон тӯҳфа... 28.07.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-07-28T10:35+0500
2015-07-28T10:35+0500
2021-04-20T16:43+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101616/27/1016162775_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_a987cd71f6c01572e57546fe4d3afa16.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, наим аламхон қодириён, изҳори назар, нишасти матбуотӣ, мошинҳои гаронбаҳои кормандони агентӣ
дар тоҷикистон, иҷтимоъ, ҳамаи хабарҳо, амният ва мудофиа, наим аламхон қодириён, изҳори назар, нишасти матбуотӣ, мошинҳои гаронбаҳои кормандони агентӣ
Масъулон намедонанд, ки кормандон чӣ гуна мошинҳои гаронбаҳо мегиранд
10:35 28.07.2015 (Навсозишуда: 16:43 20.04.2021) Муовини сарвари Агентии назорати молӣ ва мубориза бо фасод ҳадс зад, ки мошинҳои гаронбаҳое, ки кормандонашон доранд, аз сӯйи пайвандон ва дӯстон тӯҳфа шудаанд.
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Маоши мутавассити кормандони ниҳод аз 940 то 1265 сомонӣ (ҳудуди $150-200) аст, хабар дод муовини аввали директори Агентии назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасод Наим Аламхон Қодириён.
Рӯзи гузашта зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе вай зикр кард, ки феълан теъдоди кормандони Агентӣ 400 нафар буда 89 нафари онҳо кормандони назорати молӣ ва 391 нафар низомиён мебошанд.
Дар посух ба ин суоли хабарнигорон, ки чӣ гуна бо чунин маош бархе аз кормандони Агентӣ соҳиби мошинҳои гаронбаҳо ва манозили бошукӯҳ мешаванд, Наимӣ гуфт, ки худ дар ин бора иттилоъи комил надорад.
Вай ҳадс зад, ки эҳтимол дорад бархе аз кормандон аз ҳисоби тиҷорати пайвандонашон соҳиби мошинҳо ва манозил шудаанд.
"Онҳо мисли шумо хонавода доранд, бародарону дӯстоне доранд, ки соҳибкор мебошанд. Бархе аз волидайнашон ба тиҷорат машғуланд", — гуфт Қодириён.
Ба гуфтаи муовини аввали мудири Агентӣ дар сохтори ин ниҳод хадамоти амнияти дохилӣ фаъол мебошаду ин мавзӯъро пайгирӣ мекунад, аммо то ҳол ҳеҷ мавриде ошкор нашудааст.