Барканории 56 корманди Оҷонсии зидди фасод

© Sputnik / Амир ИсаевРустами Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ
Рустами Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пайи аттестатсия ё санҷиши ҳирфаии кормандони Оҷонсии зидди коррупсияи Тоҷикистон, ки як моҳ идома кард 56 корманди ин ниҳод аз вазифаҳои худ барканор шуданд.

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар пайи аттестатсия ё санҷиши шоистагии ҳирфаии кормандони Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 56 корманди ин ниҳод аз вазифа барканор шудаанд, менависад "Радиои Озодӣ".

Муовини барканоршудаи оҷонсии фасод “ворид”-и парлумон мешавад

Олим Забирзода, сардори Дафтари матбуоти оҷонсии мазкур ба "Озодӣ" гуфтааст, ин кормандон натавонистаанд аз санҷиши касбӣ гузаранд ва биноан фаъолияти онҳо дар Оҷонсӣ ба поён расид.

"40 нафари онҳо кормандони бахши ҳуқуқӣ ва 16 нафар хидматчиёни назорати молиявӣ буданд", — гуфтааст Забирзода.

Санҷишро ҳайате бо сарварии раиси оҷонсӣ Рустами Эмомалӣ баргузор намуд, ки аз шумули раҳбарони оҷонсӣ ва намояндагони дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон тартиб ёфта, ҳадафи асосияш муайян кардани сатҳи ҳирфаии кормандон ва поккории ин муассиса аз кормандони тасодуфӣ будааст.

Ҳамаи раванди озмоиши шоистагии ҳирфаии кормандони оҷонсӣ, ба гуфтаи Забирзода, сабт ва мустанад шудааст. Аз ҷумла суолу ҷавоби комиссияи санҷиш бо кормандони оҷонсӣ дар видео сабт гашта, посухҳои имтиҳони элекртонии онҳо дар компютерҳо ҳифз гаштааст.

Фасоди молӣ дар Тоҷикистон дар сатҳи баланд қарор дорад

Ба сурати умум дар Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар саросари кишвар 500 нафар ва дар дастгоҳи марказии он 150 нафар кор мекунанд. Ба ин тартиб дар ду моҳи охир 94 корманди оҷонсӣ аз вазифа барканор шуданд.

Баъд аз сарвари Оҷонсии назорати молиявӣ таъин шудани генерал-майори адлия Рустами Эмомалӣ, ин бори аввал аст, ки дар ин муассиа санҷиши ҳирфаӣ сурат мегирад.​

Раҳбарии Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистонро аз рӯзи таъсисаш дар таърихи 10 январи соли 2007 то моҳи июни соли 2009 Шерхон Салимзода (ҳоло — раиси Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон) ва аз соли 2009 то моҳи марти соли ҷорӣ Абдулфаттоҳи Ғоиб бар ӯҳда дошт.

Аммо дар моҳи марти соли 2015 раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон писари 27-солааш Рустами Эмомалиро, ки беш аз як сол раҳбари Хадамоти гумруки Тоҷикистон буд, ба ҷои Абдулфаттоҳи Ғоиб раиси Оҷонсии назорати молиявӣ ва мубориза бо фасод таъин кард.

Лентаи хабарҳо
0