Зиддифасод: низоми бонкии Тоҷикистон фасодзадатарин мебошад

© Sputnik / Амир ИсаевҚодириён Аламхон дар нишасти матбуъотӣ дар Агентии назорати молӣ ва мбориза бо фасоди ҶТ. 27 июли соли 2015
Қодириён Аламхон дар нишасти матбуъотӣ дар Агентии назорати молӣ ва мбориза бо фасоди ҶТ. 27 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ба гуфтаи муъовини раҳбари ниҳоди зидди фасоди кишвар дар шаш моҳи гузаштаи соли 2015 дар кишвар камтар аз ҳама мавориди фасод дар КҲФ Тоҷикистон ошкор шудааст – танҳо як маврид.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Дар шаш моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ бештар аз ҳама мавориди фасод дар низоми бонкии кишвар сабт шудааст — 100 мавриди пулшӯӣ, хабар дод имрӯз ба хабарнигорон муовини аввали ниҳоди зиддифасоди кишвар Наим Аламхон Қодириён.

Ба гуфтаи вай ҷойгоҳи дуввум дар ин "феҳрастро" низоми маъориф ва илми кишвар ба худ ихтисос додааст — 53 маврид, аммо аз ин миқдор танҳо 10 ҷиноят аз сӯйи кормандони ин вазоратхона содир шуда боқимонда аз сӯйи кормандони маҳаллии ниҳодҳои иҷроия ба ҳангоми тақсими маболиғи будҷа дар шаҳрҳо ва навоҳии кишвар сурат гирифтаанд.

Дар макотиби Тоҷикистон дарси мубориза бо фасод ба роҳ монда мешавад

"Дар низоми тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 45 мавриди фасодкорӣ ошкор шудааст, дар ВКД — 37 маврид, дар вазорати адлия — 26 маврид ва Кумитаи давлатии захойири замин — 22 маврид", — зикр кард Қодириён.

Камтар аз ҳама мавориди фасод дар КҲФ Тоҷикистон ошкор шудааст — танҳо як маврид, телевизион ва радиошунавонӣ — 2 маврид ва дар худи Агентии зидди фасод 3 мавриди фасодкорӣ ошкор шудааст. Ҳар се нафар ҷинояткор — кормандони худи Агентӣ аз симматҳояшон озод карда шудаанд.

Дар маҷмӯъ зикр кард Қодириён мизони фасодкорӣ дар кишвар дар муқоъиса бо соли гузашта андаке бештар шудааст, аммо муовини раҳбари ниҳоди Зиддифасод омори дақиқи ин фарқиятро ироъа карда натавонист.

Лентаи хабарҳо
0