ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Аз масъулони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хоста шудааст, дарси мубориза бо коррупсия ё фасоди молиро дар барномаҳои таълимии мактабҳои кишвар ворид кунанд. Ин пешниҳод дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорати мазкур, ки бо ҳузури нахуствазир Қоҳир Расулзода баргузор шуд, садо додааст, менависад ОИ Авеста.
Ҷузъиёти ин дарси нав то ҳоло маълум нест ва ба қавли масъулини вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ин танҳо як пешниҳод буда, баъд аз хулосаи мутахассисон ба барномаи таълимӣ роҳ хоҳад ёфт.
Дар ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорати маориф ва илм, ки дар он ҷо масъулони додситонии кулл, кумитаи амнияти миллӣ ва оҷонсии зиддифасод иштирок доштанд, аз вуҷуди амалҳои коррупсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ сахт нигаронӣ шудааст.
Мақомот гуфтаанд, дар тӯли солҳои 2010-2014 дар соҳаи маориф беш аз 500 ҷинояти марбут ба фасоди молӣ сабт шудааст, ки 101 ҳолати он ба соли гузашта рост меояд.
Гуфтанист, аз ин ҳисоб 22 ҷиноят ба вазорати маориф ва илм ва боқимонда ба вазорату идораҳои дигар ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимии сатҳу зинаҳои гуногун доранд, марбут аст.
Дар ҷаласаи ахири Шӯрои амният президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти мақомоти қудратиро дар ростои мубориза алайҳи фасод зери интиқоди шадид қарор дод.
Ёдрас менамоем, моҳи марти соли равон Рустами Эмомалӣ, писарбузурги райисҷумҳур, ки то ин замон дар симмати сарвари Хадамоти гумрук фаъолият дошт ба вазифаи роҳбари Агентии назорати молиявӣ ва мубориза алайҳи коррупсия таъин гардид.