Марзбонони украинӣ тирпарронӣ ба сӯйи атбоъи Русияро такзиб мекунанд

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкМарзбони украинӣ. Акс аз бойгонӣ
Марзбони украинӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрванди Русия шоми рӯзи якшанбе дар наздикии рустои Новорусскийи ноҳияи Миллеровский вилояти Ростов дар қиболи гузаргоҳи марзии украинии “Красная Таловка” дар пайи тирпарронӣ захмӣ шуда буд. Ҷониби Украина ин хабарро тавтеъа унвон кард.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Идораи давлатии назорати марзии Украина дар пайи бозрасӣ изҳор дошт, ки ин ниҳод дар тирпарронӣ ба сӯйи атбоъи Русия даст надорад.

Қаблан дар Идораи амнияти ФР дар вилояти Ростов хабар дода буданд, ки шоми рӯзи якшанбе низомие, ки дар гузаргоҳи марзии украинии "Красная Таловка" (вилояти Луганск) қарор дошт, ба сӯйи атбоъи Русия, ки мехостанд дар қиболи гузаргоҳи марзӣ аксбардорӣ кунанд, тирпарронӣ карданд ва як мард дар бемористон бистарӣ шудааст.

Низомии украинӣ аз гузаргоҳи марзӣ ба атбоъи Русия тирпарронӣ кард

"Идораи давлатии назорати марзии Украина расман изҳор медорад, ки ин хабар комилан воқеъият надорад ва тавтеъа мебошад", — омадааст дар баёнияи Идораи назорати марзии Украина.

Ба иттилоъи марзбонони Украина, раҳбарияти ин ниҳод барои таъйиди ин ҳодиса таҳқиқи онро оғоз кард ва дар ҷараёни он куллияи марзбононе, ки дар ин гузаргоҳ ифои вазифа мекарданд, бозрасӣ шуданд.

"Мушаххас шуд, ки куллияи тирҳои сарбозон масраф нашудаанд ва силоҳи онҳо нишони истифода аз онҳоро надоранд. Ҳамзамон зикр мекунем, ки дар ин минтақаи марзӣ борҳо мушоҳида шудааст, ки гурӯҳҳои тахрибкор талош кардаанд аз қаламрави Русия вориди Украина шаванд", — зикр шудааст дар баёния.

Лентаи хабарҳо
0