Низомии украинӣ аз гузаргоҳи марзӣ ба атбоъи Русия тирпарронӣ кард

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкКорвони ҳомили кӯмакҳои башардӯстонаи ФР аз гузаргоҳи марзии "Изварино" ба самти Луганск ҳаракат мекунад.
Корвони ҳомили кӯмакҳои башардӯстонаи ФР аз гузаргоҳи марзии Изварино ба самти Луганск ҳаракат мекунад. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Атбоъи Русия, ки як нафари онҳо аз маҳалли қафаси сина ҷароҳати тир бардошта буд, ба марзбонони гузаргоҳи “Волошино” барои кӯмак муроҷиъа кард.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Низомие, ки дар қаламрави гузаргоҳи украинии "Красная Таловка" қарор дошт ба сӯйи атбоъи Русия, ки мехостанд дар намои гузаргоҳи марзӣ аксбардорӣ кунанд, тирпарронӣ кард, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба намояндаи нерӯҳои марзбонии Хадамоти амниятии Русия.

Ба гуфтаи манбаъи хабаргузорӣ дар пайи ин ҳодиса марде ҷароҳатҳо бардошта дар бемористон бистарӣ шудааст.

Ин ҳодиса шоми рӯзи якшанбе рух додааст. Ба назди гузаргоҳи марзии "Волошино" мошине ҳомили се сокини маҳаллӣ меояд, ки дархости кӯмак мекунанд. Яке аз ин мусофирон ҷароҳате дар маҳалли синаи қафас дошт.

Ҳамроҳонаш тавзеъ доданд, ки зимни истироҳат дар кӯли маснуъӣ дар қаламрави Русия, дар наздикии рустои Новорусскийи ноҳияи Миллеровски вилояти Ростов онҳо тасмими мегиранд, ки дар намои гузаргоҳи марзии украинии "Красная Таловка" акс бигиранд.

"Яке аз низомиёни дар гузаргоҳ қарор дошта бо нидои "Ист" ба сӯйи онҳо тирпарронӣ кард ва дар натиҷа як нафар алоқаманди "селфи" ҷароҳат бардошт", — гуфт мусоҳиб.

Ин афрод ба маҳалли амн мунтақил шуда мошинеро бозмедоранд ва хоҳиш мекунанд, ки онҳоро то ба бемористон бирасонад. Феълан ҷароҳатбардошта дар бемористон бистарӣ шуда таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0