То охири соли 2015 ба иқтисоди ҶТ $100 млн сармоягузорӣ мешавад

Обуна шудан
Дар Тоҷикистон то ба 1 июли соли 2015 ба маблағи $2,25 миллиард 54 тарҳ иҷро мешаванд.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон дар садад аст ба иқтисоди кишвар беш аз $100 миллион сармоягузорӣ ҷалб созад, хабар дод имрӯз дар нишасти матбуъотӣ муъовини раҳбари ин ниҳод Лочин Файзуллозода.

Ба гуфтаи вай алорағми бӯҳрон ба Тоҷикистон воридшавии сармоягузорӣ идома дошта то ба 1 июли соли 2015 дар кишвар 54 тарҳ ба маблағи умумии 14,1 миллиард сомонӣ ё $2,25 миллиард иҷро мешаванд.

"Дар соли ҷорӣ 5 қарордод ба маблағи $123,5 миллион имзо шуданд, ки 67% маблағи онҳо ба шакли кӯмакҳои бебозгашт ворид мешаванд", — гуфт вай.

Фаъолияти ширкати сармоягузорӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон ба маблағи беш аз $60 миллион сармоя дарёфт кард

Аз маблағи умумии сармоягузориҳо 45% қарзҳо, 47% кӯмакҳои билоъиваз ва саҳми ҳукумати Тоҷикистон 6,7% ва нақши бахши хусусӣ 1,3% аст.

Дар семоҳаи аввали соли 2015 ба Тоҷикистон сармоягузориҳои хориҷӣ ба маблағи $201,6 миллион ворид шудаанд, к и $96,6 миллиони онҳо сармоягузории мустақими хориҷӣ мебошанд.

Сармоягузорони аслии Тоҷикистон шарикони рушди он мебошанд — БОР, БҶ, "Эксимбонки Чин" ва Бонки исломии рушд. Аз миёни кишварҳо бештар аз ҳама сармоягузориҳо аз Чин, Озарбойҷон, Русия, Бритониё ва Фаронса ворид мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0