ДУШАНБЕ, 30 мар — Sputnik. Ҳаҷми умумии маболиғи воридшуда аз ҳисоби сармоягузорӣ дар ҳама бахшҳои Тоҷикистон дар моҳи январ ба 327,5 миллион сомонӣ (61,3 миллион доллар) баробар шуд, қайд мегардад дар "Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ барои моҳи марти соли 2015".
Ин нишондод ҳудуди 7,8% дар қиёс ба моҳи январи соли 2014 боло рафтааст, илова мекунанд таҳлилгарони Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, ки мониторинги мазкурро омода сохтаанд.
"Аз нисф зиёди сармоя (58,5%) ба бахши давлатии иқтисодиёт ва тарҳҳои давлатӣ рост меояд. Ба бахши хусусӣ бошад- 25,1, ба муассисаҳои муштарак-2,4% ва моликияти хусусии хориҷӣ-14,1 дарсад сармоягузорӣ шудааст",- қайд мешавад дар санад.
Моҳи январи соли 2015 дар иншоотҳои саноатӣ 154 миллион сомонӣ, ё муодили 28,8 миллион доллар (47%) ҷалб гардидааст. Ба иншоотҳои ғайрисаноатӣ 173,5 миллион сомонӣ ($32,5 миллион) маблағҳо масраф гардидаанд.