ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Раиси ҷумҳури Қирғизистон Алмазбек Отамбоев аз тасмими ҳукумат ва баёнияи ВКХ кишвар дар мавриди лағви қарордод бо ИМА пуштибонӣ мекунад, вай дар ин бора рӯзи душанбе дар дидор бо хабарнигорон эълом дошт.
Ҳафтаи гузашта ҳукумати Қирғизистон тасмими гирифт қарордод бо ИМА аз соли 1993 дар бораи ҳамкориро ба далели ихтисоси ҷоизаи "Ҳомии ҳуқуқи инсон"-и ВКХ ИМА дар соли 2015 ба Азимҷон Аскаров лағв кунад.
Ӯзбектабор Аскаров дар Қирғизистон ба иттиҳоми барангехтани низоъи қавмӣ ва қатли маъмури милитсия ба ҳангоми даригириҳои байниқавмӣ дар соли 2010 дар ҷануби кишвар ба ҳукми абад маҳкум шудааст.
"Ман аз тасмими ҳукумат ва баёнияи ВКХ ҷумҳурӣ комилан пуштибонӣ мекунам. Воқеъан ихтисоси ин ҷоъиза мисли афтодани лахтаке болои алаф аст. Вай метавонад хомӯш шавад, вале ҳамзамон метавонад аланга гирифта оташсӯзиеро ба дунбол дошта бошад. Ба ин тартиб ба
Аммо вай таъқид кард, ки эҳтимол дорад ин амали вазорати хориҷаи ИМА тавтеъаи тарҳрезишуда барои аланга задани ихтилофоти байниқавмӣ дар ҷануби кишвар аст.
Раиси ҷумҳур афзуд, ки қаблан мақомоти Қирғизистон ба ИА ва ИМА борҳо пешниҳод карда буданд, ки коршиносони худро барои омӯзиши парвандаи Аскаров ба Қирғизистон эъзом кунанд. "Ба аснод бингаред. Тасмимоти худро бар пояи номаҳои СҒД ихтисос накунед", — гуфт вай.
Раиси ҷумҳур эътироф кард дар ҳоле, ки Ғарб ба ҳар баҳона аз таъсиси низоми мустақили додгоҳии кишвар пуштибонӣ мекунад, вале раҳбарони кишварҳои хориҷӣ аз ӯ пайваста хоҳиш мекарданд, ки бо тасмими худ ҳукми Аскаровро бозбинӣ кунад.
"Ин қобили қабул нест. Чунин вазъ наметавонад моро нигарон насозад. Зеро барои Қирғизистон сулҳу суббот муҳимтарин амр мебошанд. Шояд касе алоқаманд бошад, ки дар мо беназмии идорашаванда бошад, то дар мо пайваста чизе бисӯзаду дуд барорад. Мо кишвари мустақилем ва назди ҳеҷ касе ба зону намешавем".
Ин қарордод ба манзури содда кардани раванди ироъаи кӯмакҳои башардӯстона, иқтисодӣ ва фаннии ИМА ба Қирғизистон тасвиб шуда буд. Тибқи ин санад вуруд ва содироти маҳсулоти тавлидоти ИМА ба ва аз Қирғизистон бидуни пардохти андозҳо ва таруфаҳо гумрукӣ сурат мегирифтанд. Ба кормандони мулкӣ ва низомии марбут ба ин барномаи мусоъидати ИМА дар Қирғизистон сатҳи мушобеҳи дипломатӣ дода мешуд.
Лағви ин қарордод аз 20 август мавриди иҷрои қонун қарор мегирад. Дар ВКХ тавзеъ доданд, ки ин тасмим ба куллия бахшҳое дахл дорад, ки тибқи ин қарордод иҷро мешаванд, аз ҷумла тарҳҳои ЮСАИД.