ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Бахши даромади будҷаи Тоҷикистон 3,3% коҳиш ёфта 6,9 миллиард сомонӣ ва 6,2 миллиард сомонии он масраф шудааст, омадааст дар баёнияи вазорати молия.
Ба иттилоъи ин ниҳод будҷа 96,7% иҷро шуда 6,9 миллиард сомонӣ шудааст. Камбуди будҷа ба далели коҳиши воридот ба маблағи 235,2 миллион сомонӣ рух додааст.
"Тағйири фишангҳои бозорҳои молии ҷаҳонӣ, аз ҷумла коҳиши иқтисоди Русия, пойин рафтани арзиши маҳсулоти содиротӣ, коҳиҳи мизони интиқолоти пулӣ, беқурбшавии пули миллӣ и коҳиши тиҷорати хориҷӣ ба иқтисод ва аз ҷумла ба будҷаи кишвар таъсир мерасонанд", — зикр карданд дар вазорати молия.
Аз ҳисоби андозҳо ба будҷа 3,8 миллиард сомонӣ, ки 2,6% бештар аз дурнамо аст, ворид шудааст, вале аз ҳисоби таруфаҳои гумрукӣ 1,6 миллиард ворид шудааст, ки нисбати омори дурнамо 386 миллион сомонӣ камтар мебошад.
То поёни соли ҷорӣ ҳукумати Тоҷикистон дар садад аст бахши воридотиии будҷаи кишвар бо 12,6 миллиард сомонӣ ғанӣ созад.
Бахши махориҷи будҷа 6,2 миллиард шуда 83,2% иҷро шудааст.
Барои сармоягузории ниҳодҳои давлатӣ 421,5 миллион сомонӣ, барои дифоъ 238,8 миллион сомонӣ, ниҳодҳои интизомӣ 304,2 миллион сомонӣ масраф шудаанд.
Ба бахшҳое назири маориф 1,1 миллиард сомонӣ, тандурустӣ 421,4 миллиард сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ 1,3 миллиард сомонӣ, шаҳрдорӣ 350,1 миллион, фарҳанг ва варзиш 180,1 миллион, энержӣ 997,8 миллион, кишоварзӣ 131,7 млн, нақлиёт ва иртиботот 341,3 миллион сомонӣ масраф шудаанд.
Махорҷии будҷа дар соли ҷорӣ 15,5 миллиард сомонӣ муқаррар шудааст.