ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Кишоварзони фаронсавӣ, ки аз қиммати баланди харидории тавлидоти кишоварзӣ ва аз иқдомоти давлат барои ҳалли бӯҳрони кишоварзӣ дар кишвар нигарон ҳастанд, рӯзи душанбе ба масдуд кардани роҳҳои иртиботӣ бо Олмон шурӯъ карданд.
Ба иттилоъи шабакаи радиоии France Bleu Alsace дар маҷмӯъ аз як то 1,5 ҳазор нафар кишоварзон қасд доранд аз вуруди мошинҳои боркаши хорҷиӣ ба кишвар тавассути шаш пул, ки вилояти Рейни Поёнии Фаронса ва Олмонро муттасил месозанд, ҳадди ақал то соъати дуи рӯз (17:00 дшб) масдуд кунанд.
То ин замон бояд дидори мақомоти маҳаллӣ барои баррасии вазъи кишоварзӣ шурӯъ шавад. Кишоварзон дар пайи натоиҷи ин дидор иқдмоти минбаъади худро мушшахас мекунанд, хабар медиҳад шабакаи радиоӣ.
Иқдомоти эътирозии кишоварзон алайҳи қиммати баланди харидорӣ дар Фаронса аз оғози ҳафтаи гузашта шурӯъ шуданд. Кишоварзон хостори афзоиши ин қимматҳо ва барномаи кӯмакҳои давлатӣ мебошанд. Эътирозгарон дар гузашта низ ҷоддаҳоро масдуд карда мавноеъ дар роҳ эҷод мекарданд.
Рӯзи чаҳоршанбеи 22 июл вазири кишоварзии кишвар Стефан Ле Фол барномаи изтирории кӯмакҳои молиро ироъа кард, ки тибқи он Фаронса барои кӯмак ба бахши кишоварзӣ 600 миллион евро ихтисос медиҳад. Нахуствазири Фаронса Мануэл Валс дар бораи зарурати боло бурдани қимматҳои харидории тавлидоти кишоварзӣ изҳори назар ва аз ҷонибҳои даргири ихтилофот дар бахши кишоварзӣ ба масъулияти аъмоли худ даъват кард.