Ховар: боздиди вазир аз макони селзадаи ноҳияи Ванҷ

© Амир ОдинаевОқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ. 17-18 июли соли 2015
Оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Ванҷи ВМКБ. 17-18 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири корҳои дохилӣ аз аҳвол ва мушкилоти селзадагон дар ноҳияи Ванҷ пурсон шуда, изҳор дошт, ки ҳукумати кишвар барои барқарор намудани зарари оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи тадбирҳоро андешида, дар ин радиф кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ кӯмаку ёрии худро аз мардум дареғ намедоранд.

ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputniк. Вазири умури дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро рӯзи гузашта дар доираи сафари корӣ аз ШВКД-и Ванҷи ВМКБ дидан карда, бо ҳайати шахсии шӯъбаи мазкур мулоқот намуд, менависад АМИТ Ховар.

Оқибати офати табиӣ дар ВМКБ. 20 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Таслияти Эмомалӣ Раҳмон бо қурбониёни офати табиӣ

"Раҳимзода аснои боздид бо ҷараёни хизмат, фаъолияти кории кормандони шӯъбаи корҳои дохила ва шароити маишии онҳо шинос шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти хизматӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод",- қайд мешавад дар хабари сарчашма.

Вазири умури дохила гуфт, кормандони милитсия бояд ҳамеша ва дар ҳама ҳолат бо мардум бошанд ва дар бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва дигар мушкилоти онҳо кумаку дастгирии худро дареғ надоранд. Рамазон Раҳимзода пас аз мулоқот бо кормандони полиси ноҳия аз ҷойҳои селзада дидан карда, бо мардуми маҳаллӣ, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд, вохӯрд.

Ба иттилоъи манбаъ, вазир аз аҳвол ва мушкилоти мардум пурсон шуда, изҳор дошт, ки ҳукумати Тоҷикистон барои барқарор намудани зарари оқибатҳои офати табиӣ ҳамаи тадбирҳоро андешида, дар ин радиф кормандони мақомоти корҳои дохилӣ низ кӯмаку ёрии худро аз мардум дареғ намедоранд.

Чанд рӯз қабл дар минтақа селу обхезӣ ба вуқӯъ пайвааста, дар ноҳияи Ванҷ аз ин офат 11 хона пурра ва 24 хона қисман вайрон шуда, 6 тани дигар ба ҳалокат расида буданд. Хисороти воридаро ба иқтисоди ноҳия  мақомоти расмт беш аз 40 миллион сомонӣ арзёбӣ мекунанд.     

Лентаи хабарҳо
0