Таслияти Эмомалӣ Раҳмон бо қурбониёни офати табиӣ

© Предоставлено Акмалом ВатаншоевымОқибати офати табиӣ дар ВМКБ. 20 июли соли 2015
Оқибати офати табиӣ дар ВМКБ. 20 июли соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба зердастонаш супориш додааст, ки ба хонаводаҳои қурбониён ва зарардидагони дигари офати табиӣ кумаки модиву маънавӣ расонанд.

ДУШАНБЕ, 21 — Sputnik. Президент ба ашхоси мутасааддӣ супориш дод, ки ҳарчи зудтар барои бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои ногувор ва рафъи мушкилоти мардуми зарардида кӯмак расонанд, навиштааст сомонаи президент.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон ба аҳли хонавода ва наздикону пайвандони фавтидагон изҳори тасаллияту ҳамдардӣ кардааст. Ба масъулини ҷумҳуриявию маҳаллӣ дастур додааст, ки аз аҳволи хонаводаҳои шахсони кушта шуда бохабар гардида, дастгирии моддию маънавии худро дареғ надоранд.

#Vanjflood

Posted by Bahtier Shokarimov on Sunday, July 19, 2015

Раисҷумҳур ба сарвазир Қоҳир Расулзода, муовини сарвазир Азим Иброҳим, Вазири нақлиёт Шералӣ Ганҷалзода, Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода, Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Хайриддин Абдураҳимов ва раисони ноҳияҳои аз офатҳои табиӣ зарардида барои бартараф кардани харобиҳои ноҳияҳои Шуғнон, Рушон ва Ванҷу Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон супориш додааст.

"Барои барқарор намудани роҳу пулҳо, хатҳои барқӣ ва дигар иншооти харобгардида ва пеш аз ҳама барои дастгирии аҳолии осебдида техникаю таҷҳизоти зарурӣ, қувваи корӣ ва тамоми лавозимоти аввалия ба миқдори зарурӣ сафарбар карда шавад", — таъкид кардааст раисҷумҳур.

Офати табиӣ дар Ванҷ 5 нафар ва як каси дигарро дар Рашт кушт.

Тайи шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи борони шадид ва омадани сел 6 нафар дар ноҳияи Ванҷ ва 1 нафар дар ноҳияи Рашт кушта шуданд.

Лентаи хабарҳо
0