Варзишгарони тоҷик аз Бишкек се нишони тилло оварданд

© Sputnik Варзиши сабук
Варзиши сабук - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ Татяна Колпакова дар Бишкек ҳашт медал ба даст оварданд, ки аз онҳо сетоаш нишони тилло мебошанд.

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои Татяна Колпакова, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1980 дар Маскав дар ҷаҳидан ба дарозӣ, ки рӯзҳои 20-21 июн дар пойтахти Қирғизистон — Бишкек баргузор шуд, ҳашт медал ба даст оварданд, менависад сомонаи КМО ҶТ.

Дар ин мусобиқаи анъанавӣ, ки барои бори 18-ум доир гардид, 341 варзишгар аз 5 кишвар — Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон  ширкат доштанд.

"Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон 11 варзишгар дохил буд. Онҳо дар сабқати мардон қувваозмоӣ карда, 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ гирифтанд",-омадааст дар хабари манбаъ.

Варзишгари тоҷик Ҳасан Ғаффоров дар давидан ба масофаи 3000 метр бо монеаҳо аввалин шуда ба марра расид ва бо медали тилло сарфароз гашт. Намояндаи дигари Тоҷикистон Александр Пронженко дар давидан ба масофаи 200 метр бо медали тилло мукофотонида шуд. Медали сеюми тиллоро дастаи Тоҷикистон дар ҳайати Даврон Атабоев, Григорий Дерипаскин, Алишер Пӯлодов ва Азиз Абдуллоев дар эстафетаи 4Х400 метр соҳиб гашт.

Инчунин, дар давидан ба масофаҳои 100 ва 200 метр ва дар эстафетаи 4Х100 метр намояндаҳои Тоҷикистон бо медалҳои нуқра сарфароз шуданд.

Медали ягонаи биринҷиро ба Тоҷикистон Александр Пронженко дар давидан ба масофаи 100 метр овард.

Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук барои ҷоизаҳои Татяна Колпакова, қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 1980, аз он вақт ба ин сӯ дафъаи 18-ум баргузор гардид.  

 

Лентаи хабарҳо
0