ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, барои расондани кӯмакпулие, ки аз ҳисоби раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба осебдидагон ҷудо шудааст, дар ноҳияи Ванҷи Бадахшон қарор дорад, менависад АМИТ "Ховар".
Намояндаҳои 5 хонаводаи зарардидаи деҳаи дурдасти Бардараи водии Бартанг низ барои дарёфти кумак аз дасти сарвазир ба Ванҷ интиқол дода шудаанд, омадааст дар хабари оҷонсӣ.
Дар худи ноҳияи Ванҷ аз селу обхеззӣ 11 хона пурра ва 24 хона қисман вайрон шудааст. Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буд, ба хонаводаҳое, ки манзилҳояшон пурра хароб шудааст, 10 ҳазор сомонӣ ва онҳое, ки қисман зарар дидаанд, 6 ҳазор кӯмакпулии яквақтаина расонида шавад.
Дар назар аст, ки баъди расондани ин кумакпулӣ ба сокинони Ванҷ Қоҳир Расулзода озими ноҳияи Шуғнон шавад ва маблағи ҷудокардаи раисиҷумҳурро бирасонад, ҳамзамон аз наздик бо рафти корҳои барқарорсозӣ шинос шавад.