ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Амрико аз Русия даъват кардааст, ки дар анҷумани ҳамкории иқтисодӣ оид ба Арктика, ки моҳи август дар Анкориҷи Аляска баргузор мешавад, иштирок намояд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба дафтари матбуотии департаменти давлатӣ.
"Департаменти давлатии ИМА аз роҳбари вазорати умури хориҷаи ФР, масъулини баландпояи ҳафт кишвари минтақаи арктикӣ ва сохторҳои байниҳукуматӣ, инчунин ашхоси хоҳишманд даъвати ширкат дар форумро кардааст",- омадааст дар иттилоъия.
Сухан аз ҷумла дар бораи Русия, Канада, Олмон, Финляндия, Фаронса, Олмон, Чин, Исландия, Ҷопон, Корея, Нидерландия, Норвегия, Лаҳистон, Сингапур, Испания, Шветсия, Британияи Кабир ва ИА меравад. Интизор меравад, дар ҷараёни нишаст бештари роҳбарони вазороти ИМА низ ширкат кунанд.
Иштирокчиёни конфронс таваҷҷӯҳи асосиро ба "масоили марбут ба мушкилот"-е, ки ҳоло руёрӯи Арктика қарор доранд, равона месозанд.
Гуфтанист, дар ҳамоиш суханронии президенти ИМА Барак Обама дар назар аст.