ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Барои умури бозсозӣ ва харидории таҷҳизот дар нерӯгоҳи Роғун аз соли 2007 бад ин сӯ аз будҷаи кишвар 6 миллиарду 435,5 миллион сомонӣ ихтисос шудааст, хабар дод имрӯз ба хабарнигорон муовини аввали вазири молия Ҷамшед Каримзода.
Бо дарназардошти қурби Бонки миллии ҶТ ($1=6,26 сомонӣ) масрафоти будҷа барои умури бозсозӣ беш аз $1 миллиард шудааст.
"Ба ин маблағ махориҷи будҷа барои умури бозсозӣ дар нерӯгоҳ ва маболиғи ихтисосшуда барои харидории таҷҳизот шомил мебошанд", — тавзеъ дод муъовини вазир.
Каримзода мушшахас кард, ки қисме аз ин таҷҳизот ба маблағи 327 миллион сомонӣ аз ҳисоби маболиғи фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғун харидорӣ шудааст. Маблағи умумии фурӯши саҳмияҳои ин нерӯгоҳ 859 миллион сомонӣ шудааст.
Аз ин маблағ 221 миллион сомонӣ ба суратҳисобҳои бонкҳои кишвар гузошта шудааст ва онҳо ҳудуди 60 миллион сомонӣ суд овардаанд. Ҳамзамон 284 миллион сомонии ин маблағ дар суратҳисоби вижаи вазорати молия нигаҳдорӣ мешаванд.
Интизор меравад то авохири соли ҷорӣ барои бозсозии нерӯгоҳи Роғун 1 миллиарду 650 миллион сомонии будҷа масраф карда шавад. Дар нимсолаи аввал аз 650 миллиони пешбинишуда 584 миллион ё 84% нақша масраф шудааст.