ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи Роғун умури омодагӣ барои эҳдоси навбати аввали бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд, хабар дод вазири энержӣ ва захойири оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар нишасти матбуотии 22 июл дар ҳузури хабарнигорон.
Сохтмоничиёни тоҷик умури барқарорсозӣ дар ду нақби обпарто, ки ҳанӯз то замони фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ эҳдос шуда буданд, анҷом медиҳанд ва сохтмони туннели севвум пешбинӣ мешавад дар соли оянда сурат бигирад.
"Дар маҷмӯъ куллияи умур тибқи пешбинӣ идома доранд, озмунҳо эълом шуда то авохири соли ҷорӣ иҷрокунандаи асли ва иҷрочиёни дигар интихоб мешаванд. Бархе аз таҷҳизоти ин нерӯгоҳ алаккай ворид шуда бо ширкатҳои украинӣ ва русӣ барои тавлиди таҷҳизоти зарурӣ қарордодҳо имзо шудаанд", — зикр кард вазир.
Усмонзода замони дақиқи эҳдоси навбати аввали нерӯгоҳи Роғунро мушшахас накард, вале гуфт, ки барои сохтмони он се сол зарур аст.
"Шиддати баҳсҳо дар атрофи ин тарҳ баъд аз эъломи натоиҷи пажӯҳиши Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди сохтмони нерӯгоҳи Роғун то андозае пойин рафтанд. Назароти ҳамтоёни худ аз Ӯзбакистонро мо ҳамеша гӯш медодем ва дар оянда низ гӯш хоҳем дод, зеро ин тарҳ ба куллияи минтақа аҳамият дорад", — гуфт вай.
Ду чархаи аввали нерӯгоҳ ҳар яке зарфияти тавлиди 800 мегаватт нерӯи барқро дорад, ки ин миқдор барои таъмини Тоҷикистон бо нерӯи барқ дар тамоми сол кофӣ аст.
Вазир ҳазинаи умумии сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва манобеъи сармоягузории онро мушшхас нагуфт, вале ҳанӯз то замони оғози пажӯҳиши Бонки ҷаҳонӣ маблағи он $2 арзёбӣ мешуд. Коршиносон ҳадс мезананд, ки бо дарназардошти афзоиши қиммати таҷҳизот ва маводди сохтмонӣ дар солҳои ахир ҳазинаи ин тарҳ метавонад ду-се маротиба афзоиш ёфта бошад.