Бозор Собир дар охири солҳои 80 ба ҷунбиши мардумии "Растохез" пайваста, соли 1990 вакили Шӯрои олӣ — парлумони вақти Тоҷикистон интихоб шуд. Баъди пирӯзии Фронти халқӣ ва ба сари қудрат омадани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон Бозор Собирро дар оғози соли 1993 барои 9 моҳ ба зиндон кашонданд ва ӯ дар поёни ҳамон сол бо мусоидати созмонҳои байналмиллалии ҳомии ҳуқуқ раҳо ёфта, ба Маскав ва аз он ҷо соле баъд ба Амрико рафт.
Шурӯъ аз соли 1994 то моҳи майи соли 2013 муқими ИМА буд. Дар ин муддат ду дафъа; соли 2000 ва 2010 ба Тоҷикистон омада буд.
27 майи соли 2013 Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон дар барномаи шомгоҳии "Ахбор" эълон кард, ки Бозор Собир баъд аз солҳои тӯлонии ҳиҷрат дар Амрико барои ҳамешагӣ ба Тоҷикистон баргаштааст.