ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама ба ду ҳадафи хориҷии худ даст ёфт — интиқоли захойири аслиҳаи кимиёии Сурия таҳти назорати байналмиллалӣ ва созишномаи барноами ҳастаии Эрон — бо мусоъидати Владимир Путин ҳосил шудаанд, муътақид аст профессори донишгоҳи Принстон, сиёсатшинос Стивен Коэн.
"Путин аз омори беҳтарини хоум-ранҳои (зарбаи муваффақ дар бозии бейсбол) сиёсӣ барх=рдор аст, ки дар шароити басо душвор ба даст омадааст", — мӯътақид аст Коэн.
Обама дар мусоҳиба бо хабарнигори амрикоӣ Томас Фридман изҳор дошта буд, ки дар ҳалли мушкили ҳастаии Эрон аз шарикии Русия бо Вашингтон дар таъаҷҷуб (ва ин ҳарфро вай ду бор такрор кард) аст, зикр мекунад сиёсатшинос. Стивен Коэн аз вокуниши раиси ҷумҳури ИМА дар таъаҷҷуб аст, зеро ҳосил шудани чунин тавофуқ мавқеъи расмии Москав дар тӯли солҳои ахир буд ва маҳз Русия Теҳрон, Вашингтон ва Брюселлро паси мизи музокирот бо ҳам нишонид.
Ҳамзамон ба гуфтаи Коэн, Вашингтон фишорҳо бо навҳаи замони ҷанги сард ба Русияро идома медиҳад, ки баргузории тамриноти муштарки низомии феълии ИМА бо панҷ кишвари узви НАТО дар вилояти Лвов аз намунаи он мебошад. То моҳи ноябр фаъолияти низомиёни амрикоӣ дар Украина афзоиш меёбад. Сиёсатшинос ин саволро матраҳ мекунад: пас ки амалан ба Украина ворид мешавад — Русия (ки дар ин бораи расонаҳои амрикоӣ пайваста ҳарф мезананд) ва ё ИМА?
"Дар як тарафи тарозу пешрафт дар музокироти ҳастаии Эрон, ки бо мусоъидати Путин ба даст омадааст ва дар тарафи дигар низомиёни амрикоӣ дар қаламрави Украина дар наздикии марз бо Русия. Пас, ин чӣ аст?" — тааҷҷуб мекунад коршинос.
Ба эътиқоди вай далели чунин духӯрагии сиёсати амрикоӣ дар қиболи Москав шикоф дар миёни мақомоти баландпояи Вашингтон аст.
Вазири хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ, ки ҳайъати амрикоӣ дар Венаро раҳбарӣ мекард, хостори қатъи мухолифат бо Русия аст, вале "ҳизби дипломатӣ" муқобили "ҳизби ҷанг" дар раъси Ҷо Байден ва Ҷон Маккейн ҳаст. Инҳо хостори идомаи ҷанг бо раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин мебошанд.