ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар 25 килограмм маводи мухаддир кашфу мусодира гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии АНМН.
"Кормандони Агентӣ дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд автомашинаи тамғаи «Тойота-Прадо»-ро мавриди тафтиш қарор доданд.
Аснои азназаргузаронии нақлиёт аз махфигоҳ дар дохили чархи эҳтиётӣ 7 баста бо маводи хокистарранг бо бӯи махсус ошкор гардид. Мутобиқи хулосаи шуъбаи ташхиси криминалистӣ, маводи мусодирашуда ҳероин буда, вазни он 7 кг 116 грамро ташкил менамояд.
Тавре тафтишоти пешакӣ нишон дод, ронандаи автомашина, сокини 53-солаи пойтахт ният дошт маводи мухаддирро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ интиқол диҳад. Ҳоло чораҳои зарурӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзоҳои боқимондаи гурӯҳи ҷинояткор андешида шудаанд.
Ба иттилоъи манбаъ, аз рӯи ҳар ду ҳолат бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ «Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо мақсади ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон» оғоз гардида, тафтишот идома дорад.